Фактҳои обуҳаво

Рӯзҳои 8-10 июли соли ҷорӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ чангу ғубор боқӣ мемонад. Рӯзҳои 8-9 июл дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳии вилояти Суғд">

 

Рӯзҳои 8-10 июли соли ҷорӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ чангу ғубор боқӣ мемонад. Рӯзҳои 8-9 июл дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳии вилояти Суғд, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.

Обу ҳаво дар Душанбе

8 июл, ҷумъа
+35...+37°C
Қисман абрнок, Бебориш, Чангу ғубор
9 июл, шанбе
+35...+37°C
Қисман абрнок, Бебориш, Чангу ғубор
10 июл, якшанбе
+36...+38°C
Қисман абрнок, Бебориш
11 июл, душанбе
+37...+39°C
Қисман абрнок, Бебориш
12 июл, сешанбе
+37...+39°C
Қисман абрнок, Бебориш

Обу ҳаво дар Тоҷикистон

Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ

Ҳаёти инсоният бо нафаскашӣ оғоз гардида бо қатъ гардидани он ба охир мерасад. Инсоният метавонад истеъмоли хӯроки пастсифатро рад намояд ва ё ин ки оби ифлосро нанӯшад, аммо ӯ бе нафаскашӣ наметавонад зиндагӣ кунад. Рушди бемайлони шумораи аҳолӣ ва комёбиҳои илмӣ-техникӣ дар асл шароитро дар Сайёраи Замин дигаргун намудаанд. Тамаддуни башарӣ боиси таъсир ба табиат гардидааст. Ифлосшавии муҳити зист бо партовҳои саноатӣ ба саломатии инсоният, ҳайвонот, растаниҳо, хок, биною иншоотҳо  таъсири манфӣ расонида, тозагии атмосфераро коҳиш дода, намнокии ҳаворо зиёд намуда, миқдори рӯзҳои тумандорро зиёд ва дигар пайомадҳоро афзун менамояд.

     Дар даврони мо ҳавои атмосферӣ дар тамоми ҷаҳон бо моддаҳои зараррасон олуда мешавад. Мутаасифона инсоният шароитеро барои худ муҳайё месозад, ки он боиси марги ӯ мешавад. Масалан, партове, ки аз автомобил хориҷ мегардад, дар таркибаш газҳои ба инсоният зараровар, ба монанди пайвастагиҳои сурб ва ғайраҳоро дорад. Дар бештари мавридҳо ин партовҳо дар мавзеъҳои наздик ба шоҳроҳҳо ва таваққуфгоҳҳои нақлиётӣ такшин мешаванд. Наздики 100 метр ба  шоҳроҳҳо мева, занбурӯғ ва алафҳои табобатиро  ғунучин намудан мумкин нест, чунки ҳамаи намуди растаниҳо моддаҳои органикиро ба худ мекашанд.  Дар шаҳрҳо ҳаво аз партовҳои корхонаҳои саноатӣ нисбатан зиёдтар ифлос мегардад.

Чанд намуди ҲМҒ, яъне Ҳадди муайяни ғилзати моддаҳои муаллақ дар ҳаво мавҷуд аст. Он бояд аз ҷониби мақомоти махсус назорат карда шавад, масалан, Санҷишгоҳҳои ифлосшавии муҳити атроф метавонанд, ҳама гуна чораҳоро, аз қабили ҷарима то қатъ намудани фаъолияти корхонаро амалӣ намоянд.

Ифлосшавии кимиёвии атмосфера

Ҳавои атмосфера муҳимтарин муҳити ҳаётбахш буда, дар таркиби худ омехтаи газҳо ва аэрозолҳои қабати болоии атмосфера, ки дар натиҷаи эволютсияи Замин ва фаъолияти инсон ба вуҷуд омадаанд, дорад.

Ифлосшавии атмосфера – ин тағирёбии таркиби он ҳангоми воридшавии хусусиятҳои омехтаҳои табиӣ ё антропогенидошта мебошад. Се намуди ифлоскунандаҳо мавҷуданд: газҳо, аэрозолҳо ва чанг. Аэрозолҳо зарраҳои парокандаи ба атмосфера партофташударо дар бар мегиранд ва дар муддати дароз дар он нигоҳ дошта мешаванд.

Ба ифлоскунандагони асосии атмосфера гази оксиди карбон, дуоксиди сулфур ва нитроген, инчунин ҷузъҳои хурди газ, ки метавонанд ба реҷаи ҳарорати тропосфера таъсир расонанд, ба монанди дуоксиди нитроген, хлорофторокарбонҳо (фреонҳо), метан ва озони тропосферӣ дорхил мешаванд.

Дар сатҳи баланди ифлосшавии ҳаво корхонаҳои металлургияи сиёҳ ва ранга, кимиё ва нафтухимия, соҳаи сохтмон, энергетика, саноати истеҳсоли селлюлоза ва қоғаз, баъзан дар баъзе шаҳрҳо дегхонаҳо саҳми асосиро доранд. Манбаъҳои ифлоскунанда-ин  нерӯгоҳҳои барқу гармидиҳӣ мебошанд, ки дар якҷоягӣ бо дуд гази оксиди сулфид ва дуоксиди карбон, корхонаҳои металлургӣ, хусусан металлургияи ранга, ки оксиди нитроген, сулфиди гидроген, хлор, фтор, аммиак, пайвастагиҳои фосфорӣ, пайвастагиҳои симоб ва марги мушро хориҷ мекунанд ва дар қатори онҳо заводҳои кимиёвӣ ва цемент низ дохил мешаванд. Газҳои зарарнок дар натиҷаи сӯзонидани сӯзишворӣ барои эҳтиёҷоти истеҳсолӣ, гарм кардани хонаҳо, нақлиёт, сӯзондан ва коркарди партовҳои маишӣ ва саноатӣ ба ҳаво ворид мешаванд.

Ифлоскунандаҳои атмосфера ба ифлоскунандаҳои аввалия, ки бевосита ба атмосфера ворид мешаванд, дуввумдараҷа, ки дар натиҷаи табдили охирин ба вуҷуд омадаанд, тақсим мешаванд. Ҳамин тавр, гази оксиди сулфат ба атмосфера то ангидриди сулфид оксид шуда,  бо буғҳои об ҳамҷоя мешавад ва қатраҳои кислотаи сулфатро ташкил медиҳад. Ҳангоми реаксияи ангидриди сулфат бо аммиак кристаллҳои сулфати аммоний ба вуҷуд меоянд. Ба ин монанд, дар натиҷаи реаксияҳои химиявӣ, фотохимиявӣ, физикию химиявӣ байни ифлоскунандаҳо ва ҷузъҳои атмосфера дигар аломатҳои дуввум ба вуҷуд меоянд. Манбаи асосии ифлосшавии пирогенӣ (моддаҳои зуд оташгиранда) дар сайёра ин нерӯгоҳҳои барқӣ, корхонаҳои металлургӣ, химиявӣ ва дегхонаҳо мебошанд, ки беш аз 70% сӯзишвории солонаи сахт ва моеъи  истихроҷшударо коркард менамоянд.

Сарчашма;

http://ipages.ru/index.php, РММЗ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Харитаи обуҳаво

 

Аксҳо ва наворҳо

Пешгӯиҳо барои имрӯз

Бохтар +36...+38°C
Данғара +35...+37°C
Дарвоз +33...+35°C
Душанбе +34...+36°C
Кӯлоб +35...+37°C
Лахш +27...+29°C
Мурғоб +21...+23°C
Панҷакент +31...+33°C
Панҷ +34...+36°C
Рашт +29...+33°C
Ховалинг +29...+31°C
Хоруғ +33...+35°C
Хуҷанд +33...+35°C

Скачать виджет погоды

Хизматрасонӣ

Хабарҳои охирин

Elements not found

Агентии

     Гости мира

Flag Counter