Фактҳои обуҳаво

Рӯзҳои 22-24 ноябри соли ҷорӣ  бо сабаби  ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавии анбӯҳи ҳавои сард аз самти Урал ва европоии Россия  ноустуворшавии обуҳаво  боқӣ мемонад.

Рўзҳои 22-24 ноябр дар баъзе ҳолатҳо боришот (борон бо гузариш ба барфи тар, дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф) ба амал меояд. Рӯзҳои 21-22 ноябр дар ноҳияҳои алоҳидаи НТМ, Вилояти Хатлон ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимолияти бавуҷудоии боришоти бошиддат пешгӯӣ мешавад.

Рўзҳои 22-24 ноябр ҳарорати  ҳаво паст шуда, дар водиҳо ва доманакўҳҳо то 1+60 гармиро ташкил медиҳад.

Бо сабаби якуякбора паст гардидани ҳарорати ҳаво ва боридани барф дар роҳҳои нақлиётгарди кўҳии ҷумҳурӣ пайдоиши қабати барф дар назар буда, дар ноқилҳои барқӣ часпидани барфи тар аз эҳтимол дур нест. Ин давра дар бештари қаламрави ҷумҳурӣ фаромадани туман дар назар буда, дурии биниш аз 200 то 500 метрро ташкил медиҳад.

Ба сохторҳои дахлдор оид ба нигоҳдории роҳҳои нақлиётгард тавсия дода мешавад, ки тайёрии пешакиро оиди рафъи ин зуҳуроти номатлуби табиӣ роҳандозӣ намоянд.

Ба кишоварзони ҷумҳурӣ тавсия дода мешавад, ки бо сабаби ба амал омадани боришотҳои шиддатнок ва баъдан пастшавии ҳарорати ҳаво ҷамъоварии зироатҳои кишоварзӣ, мева ва сабзавотро саривақтӣ амалӣ намуда, ба ноустуворшавии вазъи обуҳаво чораҳои пешакӣ андешанд. Ҷиҳати амалӣ намудани корҳои нотамоми сохтмонӣ дар секторҳои хусусӣ ва давлатӣ андешидани чораҳои зарурӣ аз манфиат холӣ нест.

Рӯзҳои  24 то 26 ноябри соли ҷорӣ бо сабаби софшавии ҳаво ва қатъ гардидани боришот, туманфароӣ ва пастшавии ҳарорати шабона дар водиҳо то 0-50 хунук, дар доманакўҳҳо то 3-80 хунук,  дар минтақаҳои кӯҳӣ  то 7-120 хунук ва дар ноҳияҳои баландкӯҳӣ то андозаи  20-250 хунукӣ пешгӯӣ мешавад.

Дар давраи ноустуворшавии вазъи обуҳаво фишори атмосферӣ баланд гардида, таъсири он ба бемориҳои гирифтори фишорбаландӣ, дил, диабети қанд ва астма дар назар дошта мешавад.

Ҳамватанони азиз! Аз пайомадҳои зуҳуротҳои номатлуби табиӣ, ки метавонад ба саломатӣ ва сатҳи некуаҳолии ҷумҳурӣ таъсири манфӣ расонад, пешгирӣ намудан ба манфиати кор хоҳад буд.

Саломатии худ ва наздиконатонро ҳифз намоед!

 

 

 

 

 

 

Обу ҳаво дар Душанбе

23 ноябр, шанбе
+6...+8°C
Ҳавои тағйирёбанда, Бебориш, Туман
24 ноябр, якшанбе
+5...+7°C
Абрнок, Дар баъзе холатҳо боришот (борон, барф)
25 ноябр, душанбе
+4...+6°C
Ҳавои тағйирёбанда, Бебориш
26 ноябр, сешанбе
+3...+5°C
Ҳавои тағйирёбанда, Бе боришоти назаррас., Туман
27 ноябр, чоршанбе
+4...+6°C
Ҳавои тағйирёбанда, Бе боришоти назаррас., Туман

Обу ҳаво дар Тоҷикистон

Экспедитсия дар пиряхи Зарафшон

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷроиш ва татбиқи “Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон  барои солҳои 2010-2030” корро ҷоннок намуда, барои расидан ба натиҷаҳои дилхоҳ тамоми чораҳоро ба роҳ мондааст.

Қайд намудан ба маврид аст, ки тибқи банди 5.2-и “Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон  барои солҳои 2010-2030” аз тарафи мутахассисони Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ санаи 15 то 26 октябри соли ҷорӣ дар пиряхи Зарафшон корҳои экспедитсионӣ гузаронида шуд. Дар экспедитсияи мазкур мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ Раҳмонов Р.- сардори Маркази яхшиносӣ, Пиров А.- сардори шӯъбаи яхшиносӣ ва барфу тармасанҷӣ, Назирзода К.-сармутахассиси шӯъбаи гидрографӣ ва экспедитсионӣ ва Малаев Қ.-Сардори шабакаи Деҳавзи Мастчоҳи Кӯҳӣ иштирок намуданд.

Дар пирях охирин корҳои экспедитсионӣ таърихи 17.07.2009 гузаронида шуда буд. Дар давраи мушоҳидаҳо аз нуқтаи назоратии “Б” (репер) то сарҳади забонаи пирях ба 1100м расида, се нуқтаи гузариш барои ченкунӣ дар майдони “яхи мурда” ҷойгир буд. Қисми забонаи пирях, ки бо ҷинспораҳои кӯҳӣ “морена” пӯшида шудааст, ҷудо шуда дар канори рости пирях ҷойгир буд. Девори қисми ҷудошуда то 180 – 200м мерасид. Аз рӯи ҳисоботҳо масоҳати майдони “яхи мурда” 385,4 ҳазор.м2-ро ташкил намуда, ҳаҷмаш ба 11562,0 м3 мерасид.

Ҳангоми гузаронидани корҳои экспедитсионии санаи 19 октябри соли 2019 муайян карда шуд, ки майдони яхи мурдаи аз пирях ҷудошуда дар давоми даҳ соли охир пурра аз байн рафтааст.

Сарҳади забонаи пирях аз сарҳади пешинаи худ, ки дар солҳои 1979,1991 ва 2009 ба қайд гирифта шуда буд, ба ҳисоби миёни 1700м қафо нишастааст. Сарҳади кунунии забонаи пирях дар байни дараи Фарахноб ва дараи Назайрайлоқ ҷойгир аст. Мувофиқи ҳисоботҳо дар давоми 40 сол 1700м майдони пирях об шудааст. Суръати обшавии пирях аз рӯи майдони обшуда “яхи мурда” дар ҳама паҳлўҳо ба 43 м/сол мерасад.

Расми 1. Пиряхи Зарафшон дар солҳои 1979, 2009 ва 2019

Қисмати даҳанаи (грот) пирях аз рӯи мушоҳидаҳои соли 2009 дар нуқтаи марказии забонаи пирях ҷойгир буд.  Дар мушоҳидаҳои соли 2019 маълум гардид, ки даҳанаи пиряхи Зарафшон ба тарафи рост кӯчида дар 180–200м аз девори рости забонаи пирях ҷой гирифтааст.

Қабати болоии қисми забонаи пирях пурра бо “морена” ҷинспораҳои кӯҳӣ пӯшида шудааст. Болои забонаи пирях барои ченкунии дақиқ тамоман касногузар буда, пур аз тарқишҳои дорои 80–100м дарозӣ ва бараш то 30м мерасад. Чуқуриҳои  тарқишҳо то 8 – 10м расида, нишебии пирях то теғаи охирин ба 25-350 баробар аст.

Хулоса:

Аз рӯи тадқиқотҳои гузаронидашуда чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки пиряхи Зарафшон  коҳишёбии худро идома дода истодааст. Майдони яхи обшуда бо дарназардошти яхи мурдаи ҳам дар тарафи чап ва ҳам дар тарафи рости соҳилбуда, аз рӯи мушоҳидаҳои  солҳои 1979, 1991, 2009 ва 2019 ба 1,34км2 мерасад.

Аз рӯи ҳисоботҳо майдони обшуда ба  2,04км2 баробар аст. Оиди коҳишёбӣ ва қафоравии забонаи пирях тарқишҳои зиёд, фуруравиҳои зиёд ва кӯлчаҳои дар болои қисмати забона ва ҳам балотар аз он шаҳодат медиҳанд. Аз рӯи ҳисоботҳо гуфтан мумкин аст, ки дар давоми даҳсолаҳои оянда шохаи рости пиряхи Зарафшон пиряхи Скачкова канда шуда, ҷудо мешавад.

Харитаи обуҳаво

 

Аксҳо ва наворҳо

Пешгӯиҳо барои имрӯз

Бохтар +12...+14°C
Данғара +13...+15°C
Дарвоз +11...+13°C
Ҷиргатол +7...+9°C
Душанбе +12...+14°C
Кӯлоб +11...+13°C
Мурғоб -1...+1°C
Панҷакент +4...+6°C
Панҷ +13...+15°C
Рашт +10...+12°C
Хоруғ +9...+11°C
Ховалинг +9...+11°C
Хуҷанд +8...+10°C

Хизматрасонӣ

Хабарҳои охирин

Озмунҳо

Агентии

     Гости мира

Flag Counter