Фактҳои обуҳаво

Обу ҳаво дар Душанбе

19 июн, чоршанбе
+33...+35°
Ҳавои тағйирёбанда, Бебориш
20 июн, панҷшанбе
+33...+35°
Ҳавои тағйирёбанда, Бебориш
21 июн, ҷумъа
+34...+36°
Ҳавои тағйирёбанда, Бебориш
22 июн, шанбе
+34...+36°
Ҳавои тағйирёбанда, Бебориш
23 июн, якшанбе
+33...+35°
Ҳавои тағйирёбанда, Бебориш

Обу ҳаво дар Тоҷикистон

Чангу ғубор ва таъсири он ба организм

Чангу ғубор ба саломатӣ чӣ гуна таъсир мерасонад? Дар ин ҷо  таркиби кимиёвӣ ва андозаи он хеле муҳим шуморида мешавад. Заррачаҳои калонтар (калонтар аз 5-10 микрон) одатан дар қисмати болоии аъзоњои нафаскашӣ ҷойгир шуда, заррачаҳои хурдтар қобилияти ба шуш воридшавиро доранд.  Ҳангоми ҷамъшавии онҳо дар шуш ҳатто заррачаҳои хурди кимиёвии инертӣ (масалан, квартсҳо ё хокаи ангишт) метавонанд ба харобшавии бофтаҳои хурди шуш оварда расонад ва боиси бемориҳои музмини рагҳои нафаскашӣ гардад. Аксуламали дарозмӯњлати илтиҳобӣ дар шуш метавонад ба кори дил таъсир расонида, боиси инкишофи бемориҳои дилу рагҳо гардад. Бо ин сабаб, дар бисёр кишварҳо меъёрҳо барои вуҷудияти заррачаҳои хурд дар атмосфера (то 2,5 ва 10 микрон дар андоза) ва дар баробари ин чанги тунуки дисперсионии (андозаи то 2,5 микрон ) нисбатан хатарнок ҳисобида мешаванд. Таркиби химиявии чангу хок, аз он ҷумла таркиби кимиёвии он бо омехтаҳои металлӣ ва пайвастагиҳои органикиии токсикӣ таъсири хударо ба организми инсон мерасонанд.

Хусусияти тақсимоти заррачаҳои чанг дар атмосфера аз андозаи онҳо вобастагӣ дорад. Заррачаҳои калон ва қисман миёна (калонтар аз 1 микрон)  дар тӯли якчанд соат ё якчанд рӯз фурӯ мераванд, бинобар ин онҳо қариб ба масоҳати нисбатан кам интиқол дода мешаванд (гарчанде, ки дар баъзе ҳолатҳо агар чанг дар баландии зиёд бошад, онҳо метавонанд садҳо километрро тай кунанд). Заррачаҳои нисбатан хурд метавонанд дар атмосфера то 10-20 рӯз нигоҳ дошта шаванд ва давоми ин муддат дар тамоми курраи замин паҳн гарданд.

Ба мардуми кишвар тавсия дода мешавад, ки дар ҳолати аз меъёр баланд будани чангу ғубор ва дигар моддаҳои ифлоскунандаи таркиби ҳаво, пеш аз ҳама саломатии худро эҳтиёт намоянд.

Чунин зуҳуроти табиии бавуҷудомада метавонад боиси авҷ гирифтани бемориҳои роҳи нафас, фишорбаландӣ, ҳассосиятнокӣ, бемориҳои дилу рагҳо ва ғайра шуда тавонад.

Дар чунин маврид сайругашти беҳуда дар ҳавои кушод ба саломатӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Дар ҳолати зарурӣ аз ниқобҳои эҳтиётӣ истифода бурдан  зарур аст.

Харитаи обуҳаво

 

Аксҳо ва наворҳо

Пешгӯиҳо барои имрӯз

Бохтар +35...+37°
Данғара +34...+36°
Дарвоз +27...+29°
Ҷиргатол +22...+24°
Душанбе +33...+35°
Кӯлоб +34...+36°
Мурғоб +13...+15°
Панҷакент +30...+32°
Панҷ +35...+37°
Рашт +24...+26°
Хоруғ +24...+26°
Ховалинг +27...+29°
Хуҷанд +33...+35°

Хизматрасонӣ

Хабарҳои охирин

Elements not found

Агентии

     Гости мира

Flag Counter