Роҳбарият

 

Директор  Расулзода Ҳомидҷон Ҳасан

Дӯстон ва меҳмонони гиромӣ!

Шуморо ба сомонаи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам мегўям.

Дар шароитҳои сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳони муосир, бояд устувории иқтисодиёти ватанӣ ба таъсири омилҳои беруна тақвият дода шавад. Дар ин робита, фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба баланд бардоштани рушди сифати нерўи инсонӣ , ворид намудани технологияи муосир ва омода намудани кадрњои баланихтисос нигаронида шудааст. Аз ҷумла диққати асосӣ ба масъалањои њифзи мўҳити зист ва таъсири омилҳои тағйирёбии иқлим дода мешавад.

Тавре маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари кўҳии  дорои релефи мураккаб буда, зери таъсири якбораи иқлими континенталӣ  қарор дошта, ба равандҳои гуногуни фаъоли табиӣ  ҳасоснок мебошад. Зуҳуротҳои  хатарноки обуҳавошиносӣ ва оқибатҳои онҳо барои иқтисодиёти кишвар ва аҳолӣ хеле хатарнок мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари мардуми мутамаддин ва меҳмоннавоз буда, иқлим ва обуҳавояш дар ҷаҳон нотакрор мебошад (аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон).

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи мавқеи ҷуғрофӣ, кисмати ҷанубу шаркии Осиёи Марказӣ мебошад. Кариб 93 %-и ҳудуди онро кӯҳҳо ва 7%-и онро ҳамвориҳо ташкил медиҳанд. Дар баробари ин тақрибан нисфи қаламрави он дар баландии зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Тағйирёбии баландиҳои мутлақи он аз 300 то 7495 метрро аз сатҳи баҳр ташкил медиҳад. Дар қисмати ғарбии мамлакатамон қитъаҳои биёбонӣ ва нимбиёбонӣ дохил шуда, оҳиста-оҳиста онҳо ба доманакўҳҳо мегузаранд, дар қисмати шарқӣҳудуди ҷумҳурӣ ба қаторкуҳҳои азимҷусса ва паҳнкўҳҳои платформаи Осиёи Марказӣ пайваст мешавад. Чунин мавқеъи ҷуғрофӣ барои ба миён овардани шароитҳои гуногуни зиёди табиӣ ва иқлимӣ мусоидат намудааст.