Маркази танзиму таъмири асбобҳои ченкунӣ

Дар Агентии обуҳавошиносӣ Маркази танзиму таъмири асбобҳои ченкунӣ фаъолият дорад. Ин Марказ фаъолияти худро  асосан  дар ҳамкорӣ  бо  дигар  сохторҳои  Агентӣ, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ анҷом медиҳад.

Қобили зикр аст, ки ҳамкорӣ бо марказҳо ва шуъбаҳои Агентӣ, шабакаҳои Агентӣ буда, сари вақт бо таҷҳизотҳои техникӣ дастрас карда мешавад.

Тибқи ҳуҷҷатҳои амалкунандаи меъёрӣ иҷрои корҳои техникӣ доир ба барқароркунӣ, васлкунии ченакҳои обуҳавошиносӣ ва санҷиши ҳолати техникии ченкунӣ ва саривақтии истифодабарии асбобҳои ченкуниро низ фароҳам меоварад.

                 

 Ҳамчунин иҷрои нақшаи корӣ ва ташкили фаъолияти самарабахши кормандони Маркази танзиму таъмири асбобҳои ченкуниро таъмин месозад.

Тафтиши асбобҳои ченкунӣ ҳангоми гузаронидани корҳои обуҳавошиносӣ нишон дод, ки таъмири нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусти намунаҳои асбобҳои ченкунӣ, барои назорати талаботи солонаи шабакаҳо дар истифодаи асбобҳо ва таҷҳизотҳо зарур мебошад.

Аз ҷумла, таъмири бодбаракҳои ҳавосанҷӣ (барометр, барограф, гигрограф, гигрометр ва асбобоҳои ченкунии суръати ҷараёни об) ва дигар асбобҳои обуҳавошиносиро дар бар мегирад.

Дар доираи кӯмаки техникии Агентии Швейтсария оид ба рушд таҷҳизот барои аз санҷиши техникӣ гузаронидани асбобоҳои ченкунии суръати ҷараёни об (УКПГВ) дастрас шуда, моҳи ноябри 2009 - ум дар ҳудуди Агентии обуҳавошиносӣ васл карда шуд.

Тайи солҳои Истиқлолият Марказ бо таҷҳизотҳои навтарини ҳозиразамон таъмин гардида барои пешрафти кор шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуд.