Раёсати мониторинги муҳити зист

Мониторинги ҳолати ифлосшавии муҳити зист дар тамоми ҷаҳон аз тарафи хадамотҳои махсусгардонидашуда гузаронида мешавад. Дар Тоҷикистон мониторинги муҳити зист аз тарафи Раёсати мониторинги муҳити зисти (РММЗ) Агентии обуҳавошиносӣ гузаронида мешавад.

Соли 1972 дар Тоҷикистон хадамоти махсусгардонида шуда оид ба мониторинг ва назорати муњити зист дар Тоҷикгидромет (Агентии обуҳавошиносӣ) ташкил гардид. Аз ҳамон сол сар карда дар ҷумҳурӣ мониторинг аз рўи ҳолати ҳавои атмосфера, обҳои рўизаминӣ, хок, таъсири радиометрӣ гузаронида мешавад.

Раёсати мониторинги муҳити зист мушоҳидаи ифлос- шавии ҳавои атмосфера, обҳои рўизаминӣ, хок ва нураф- каниро дар ҷумҳурӣ ба роҳ мемонад. Раёсати мониторинги муҳити зист тамоми мақомотҳои давлатӣ, муассиса, ташкилотҳо, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъиро бо маълумоти доимӣ, фаврӣ ва пешгуиҳо дар бораи ҳолати муҳити зист таъмин намуда, натиҷаҳои ба дастовардаро дар шаклҳои гузоришу солнома ҷамъбаст менамояд.

Аввалин маротиба мониторинги обҳои рўизаминӣ дар Тоҷикистон соли 1934 гузаронида шуд. Зичии мушоҳидаҳо ба 1 нуқта дар 1800 м баробар буд.

То соли 1990 мушоҳидаи ифлосшавииобҳои рўизаминӣ дар 47 дарё, 5 кўл ва 1 обанбор аз рўи 41 намуди нишондиҳандаҳои физикавию кимиёвӣ гузаронида мешуд. Аз соли 1994 то 1997 мушоҳидаи ифлосшавии обҳњои рўизаминӣ муваққатан гузаронида нашуда, танҳо аз соли 1998 ин фаъолият дубора оғоз гардид. Дар 15 дарё 24 нуқтаҳои мушоҳидавӣ бо муайян кардани то 16 намуди нишондиҳандаҳои физикавию кимиёвии таркиби шурўъ шуд.

Солҳои 2010 мушоҳидаҳои сифати обҳои рўизаминӣ дар оби 22 дарёҳо ва 2 кул аз рўи 36 моддаҳои ифлоскунандаи таркиби об гузаронида шуданд. Айни замон мушоҳидаи  сифати  обҳои  рўизаминӣ  дар  22  дарё  36 нуқтаҳои намунагирӣ аз рўи 21 моддаҳои ифлоскунанда гузаронида шуда истодааст.

                                            

Аз аввали соли 2015 Лоиҳаи «Таҳкими иқтидори соҳаи мониторинги сифати обҳои рўизаминии Тоҷикистон» то соли 2017 амал карда истодааст, ки барои рушди соҳа аҳамияти муҳим дорад.

Аз соли 2016 бо дастгири Роҳбарияти Агентӣ дар Санҷишгоҳи мониторинги обҳои рўизаминӣ ва нурафканӣ ташхисӣ хок ба роҳ монда шуд.

Фаъолият дар сатҳи мониторинги ифлосшавии ҳавои атмосфера дар Тоҷикистон соли 1965 оғоз гардидааст.

То соли 1990 мушоҳидаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар 7 шаҳри Тоҷикистон дар 21 дидбонгоҳҳо барои муайян кардани 21 моддаҳои ифлоскунанда, аз ҷумла филизоти вазнин сурат мегирифт. Дар шаҳри Душанбе 7 дидбонгоҳи мушоҳидаи ифлосшавӣ (ДМИ), дар Турсунзода – 3 ДМИ, Қурғонтеппа - 3 (ДМИ), Ёвон - 2 (ДМИ), Кӯлоб - 1 (ДМИ), Хуҷанд - 3 (ДМИ) ва Сарбанд -1 (ДМИ) фаъолият мекард.

Барои омўзиши дақиқтари ифлосшавии ҳавои атмосфера мушоҳидаҳои хатсайрӣ ва эпизодӣ ба воситаи санҷишгоҳи сайёр «Атмосфер-2» анҷом меёфт.

Дар солҳои 1993 - 1997 миқдори дидбонгоҳҳову барномаҳои мушоҳида коҳиш ёфт. Айни замон вазъияти олудагии ҳаво фақат дар шањрҳои Душанбе - 1 (ДМИ), Қурғонтеппа - 1 (ДМИ), Турсунзода- 1 (ДМИ), Хуҷанд – 1 (ДМИ), Спитамен - 1 (ДМИ), дар 5 дидбонгоҳи собит аз рўи барномаи фишурда сурат мегирад.

Соли 2014 бо дастгирии Роҳбарияти Агентӣ аз тарафи Лоиҳаи мукамалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Маркази ҷузъи «С» санҷишгоҳи сайёри мониторинги ифлосшавии ҳавои атмосфера дастрас карда шуд. Аз соли 2015 оғоз гардида дар шаҳри Душанбе мунтазам ва дар шаҳрҳои Турсунзода, Ёвон ғайримунтазам мониторинги хатсайри бо воситаи санҷишгоҳи сайёри мониторинги ифлосшавии ҳавои атмосфера гузаронида мешавад.

 Мувофиқи  Лоињаи  «Дастгирӣ ва  рушди  Агентии обуҳавошиносӣ «Фин-Таҷ»» дар ҳудуди Агентӣ дидбонгоҳи худкори мушоҳидаи атмосфера фаъолият дорад, ки мушоњидаҳои ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера бо тарзи шабонарўзи дар нуқтаи мавҷуда гузаронида мешавад.

                 

 Дар баробари ба Агентии обуҳавошиносӣ табдил ёфтани Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ Шуъбаи иттилооти муҳити зист бо мақсади ба танзим даровардани коркард, ҷамъоварӣ ва ба истифодабарандагон расонидани иттилооти муҳити зист дар Агентӣ ташкил карда шуд. Вазифаи асосии Шуъба коркард, нигоҳдорӣ ва ба истифодабарандагон расониданӣ  иттилооти  муҳити  зист иборат мебошад. Дар Раёсат маълумотномаҳои (экобюлитенҳои) даҳруза ва моҳонаи шарҳи ифлосшавии ҳавои атмосфераи шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуд. Ин чунин солномаҳои ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера ва обҳои рўизаминӣ дар ҷумҳурӣ бо қадри имкон мураттаб гардонида  шуда  бо  забони  давлатӣ барои  нашр  омода гардиданд.

Маълумот дар бораи ифлосшавии ҳавои атмосфера дар шабакаи интернетӣ ҳаррӯза ҷой карда мешавад.

Дар Вилояти Суғд як ташхисгоҳи мушоҳидаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ва обҳои дарёҳо фаъолият дорад. Айни замон ташхиси ҳаво дар ду дидбонгоҳ сурат мегирад, ин ҳам бошад дар ноҳияи Спитамени назди сарҳади Ҷумҳурии Ўзбекистон, шаҳри Бекобод ва дар шаҳри Хуҷанд кўчаи Ленин 28. Мувофиқи дастурамали Агенти и обуҳавошиносӣ дар ноҳияи Спитамен дар як ҳафта як бор ва дар шаҳри Хуҷанд бошад дар як шабонарўз ду маротиба иҷро карда мешавад. Газҳои дуоксиди сулфур, дуоксиди нитроген ва чанг ва инчунин суммаи газҳо дар 20 куби ҳаво ба ҳисоб гирифта шуда ба Агентии обуҳавошиносӣ ирсол карда мешавад. Мушоҳидаи сифати об дар дидбонгоҳҳои: Оқҷар даромади Сирдарё, Қизилқишлоқ баромади Сирдарё, шохобҳои Сирдарё: дарёи Исфара дидбонгоҳи Исфара- Тошқурғон, Ширинсой, дидбонгоҳи Овчӣ ва Угук дар як моҳ як бор гузаронида шуда натиҷааш ба РММЗ барои коркарди минбаъда равон карда мешавад. Ин мутахассисон кӯшиш карда истодаанд, ки оиди ҳолати ифлосшавии муҳити шаҳри Хуҷанд маълумотномаҳо тайёр намоянд, ки ин ҳадяест ба ифтихори 90 солагии Агентии обуҳавошиносӣ.