Шӯъбаи гидрологӣ

Дар давоми 10 соли охир бо истифода аз маблағҳои буљавӣ ва бо кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ заминаи моддию техникии бахшҳои шабакаи гидрометеорологӣ беҳтар шуда фаъолияти шуъбаи гидрологӣ хеле ҷоннок гардид.

Кори шуъба ба пуррагӣ компютерикунонида шудааст, ки пеш аз Истиқлолият ин корҳо дастӣ иҷро шуда, солномаҳои обшиносӣ бошад берун аз ҷумҳурӣ аз нашр бароварда мешуд. Бо кўмаки барномаи Шветсария дастгирии созмонҳои обуҳавошиносии давлатҳои ҳавзаи баҳри Арал, ҷихати дар худи шўъба коркарди маълумотҳо ва аз нашр баровардани солномаҳои обшиносӣ, барномаи компютерии GE-1 Win ба роҳ монда шуд.

Бояд зикр намуд, ки то солњои 90-уми асри гузашта шумораи умумии дидбонгоҳҳои обченкунӣ дар Ҷумҳурӣ 147 ададро  ташкил  мекард.  Дар  натиљаи  вазияти  мушкили

солҳои 90 –ум дар Ҷумҳурӣ, қисме аз дидбонгоҳҳои обченкунӣ дар дарёҳои хурд баста шуданд. Агентӣ аксарияти дидбонгоҳҳои обченкуние ки дар дарёҳои калону миёна  ҷойгиранд  ва  маълумоти  онҳо  ба  хоҳагии  халқи Ҷумҳурӣ заруранд  аз  таъмир баровард  ва  бо  асбобу лавозимот ҷихозонида фаъолияти онҳоро ба роҳ монд.

Айни замон шабакаи гидрологӣ дорои панҷ истгоҳҳо ва 96 нуқтаҳои гидрологӣ мебошад. Шумораи дидбонгоҳҳо бо андозагирии ҷараёни об ба 40 баробар аст. Ҳамарўза маълумоти фаврӣ аз 33 дидбонгоҳҳо таъмин карда мешаванд. Ду стансияҳои тармафароӣ ва як дидбонгоҳи селченкунӣ фаъол аст. Ченкунии барф дар 10 ҳавзаи дарёҳо гузаронида мешавад. Ченкунии сатҳи барф бо усули ҳавопаймоӣ дар 3 ҳавзаи дарёҳо - Яхсу, Қизилсуи Ҷанубӣ ва Обихингов гузаронида мешавад.

Мувофиқи нақша-чорабиниҳо оиди таъмиру барқарор намудани дидбонгоҳҳои обченкунӣ, дар солҳои охир дидбонгоҳҳои обченкунии Зарафшон-Дупули, Анзоб- Резишгоҳ, Кофарниҳон – Тартки, Варзоб-Хушёри, Варзоб- Даҳана, Вахш(Сурхоб) – Ғарм, Вахш –Дарбанд, Вахш- мамн.

«Бешаи палангон», Обихингов – Ёзганд, Ванҷ-Бичхарв, Ғунд –Хоруғ, Обихумбов – Резишгоҳ, Обивисхарв – Хурк, Сирдарё – Оқљар, Сирдарё - Қизилқишлоқ ва д. Қаратоқ - Қаратқ бо асбобу анҷомҳои обченкунӣ таъмин карда шуданд ва айни ҳол пурра фаъолият мекунанд.

 Чор дидбонгоҳи  обченкунии  ҳавзаи  дарёи  Панҷ ( Ишкошим , Шидз,  Хирманҷо ва Панҷи поён) бадидбонгоҳҳои байнисарҳадӣ дохил мешаванд . Дидбонгоҳҳои обченкунии дарёи Панҷ аз соли 1992 то солҳои 2004 мушоҳида намудани сатҳ ва сарфи обро муваққатан қатъ намуда буданд. Аз соли 2004 то ин давра мушоҳидаи сатҳи оби дарёи Панҷро дар дидбонҳои обченкунии, Ишкошим, Шидз, Хирманҷо ва Панҷи поён аз нав ба роҳ монда шуд.

Бо иқдоми Агентии обуњавошиносӣ ва Лоиҳаи техникии Ҳукумати Швейтсария вазъият дар 9 нуқтањои гидрологӣ дар ҳавзаи дарёҳои Вахш ва Панҷ беҳтар шуд ва бахшҳои гидрологӣ бо таҷҳизотҳои замонавӣ муљаҳҳаз гардиданд. Омўзишҳо барои кормандон, усулҳои нави ҷамъоварӣ, интиқол, коркарди маълумоти гидрологӣ, нашри маводи гуногуни гидрологӣ, аз ҷумла маводҳои гидрологӣ (бо истифодаи системаҳои муосири (Hydro-P ва GE-1 Win), таълим ва усулҳои нави пешгўиҳоро ба роҳ монданд.

Дидбонгоҳҳои обченкунии дарёҳои Қизилсу, Тоирсу ва Ёқсу (Бобохоншаид, Қурбоншаид, Сомончӣ, Шахбур, Карбостонак ва Восе), ки дар натиҷаи обхезии солҳои 1992 ва 1998 вайрон шуда буданд, мувофиқи татбиқи лоиҳаи инвеститсионии «Идоракунии хавфи обхезӣ дар вилояти Хатлон», ки аз тарафи БРО маблағгузорӣ шуда барқарор ва таҷҳизонида шуданд.

Дар самти пешгўиҳои гидрологӣ методикаи нави баҳодиҳии дурустии пешгўиҳои гидрологӣ дар шуъба ба роҳ монда шуд. Бо истифода аз ин методика дурустиҳои пешгўиҳо арзёбӣ карда мешаванд. Инчунин методикаҳои пешгўиҳои гидрологї барои давраи мавсимӣ, аз сари нав дида баромада, вобастагиҳои нави сарфи оби давраи мавсимӣ аз боришоти давраи тирамоҳу зимистон ва захираҳои мавсимии барф тариқи электронӣ омода карда шуданд. Айни замон чунин пешгўиҳои гидрологӣ бароварда мешаванд: пешгўиҳои кутоҳмуддат аз шабонарўзӣ ва даҳрўза, пешгўиҳои дарозмуддат (моҳона, семоҳа ва барои давраи мавсимӣ), огоҳиҳо (аз 1 то 3 рўз).

 Айни ҳол дар Агентӣ Лоиҳаи мукаммалсозии хизматра- сонии гидрометеорологӣ татбиӣ шуда истодааст. Дар чаҳорчўбаи ин лоиҳа системаи коркарди маълумотҳои гидрологӣ «РЕКИ-РЕЖИМ» ва системаи автоматикунонида- шудаи қабули маълумотҳои фаврӣ аз дидбонгоҳҳо «АРМ- ГИДРОЛОГ» насб карда шудааст. Инчунин Лабораторияи гидрологии  сайёр  харидорӣ карда  шудааст,  ки  барои ченкунии суръати ҷараён ва ҳаҷми оби кӯлу обанборҳо истифода бурда мешавад.