Шуъбаи пешгӯии боду ҳаво

 Шуъбаи пешгӯии боду ҳаво моњи декабри соли 1964 таъсис дода шуд. Вазифаҳои асосии Шуъба – аз таъмини хизматрасонии ҳавошиносӣ ба аҳоли иборат мебошад.

 Шуъбаи пешгўии боду ҳаво дар Тољикистон соли 1932, ҳангоми ташкил намудани гурӯҳи хурди синоптики бо се воњиди корӣ дар сохтори шабакаи ҳавошиносии Сталинобод, ки аз декабри соли 1925 фаъолият менамуд кори худро шуруъ намуд. Ин гуруҳ аз миёнаи моҳи июли соли 1932 ба тањияи харитањои синоптикии рўизамини ва аввалин пушгўиҳои кўтоњмуддат шурўъ намудааст. Дар харитањои он вақта дар як шабонарўз 17-20 телеграмаи синоптики истифода бурда мешуд (айни замон зиёда аз 3 њаз. дар як шабонарўз).

 Дар соли 1933 баъди ташкил намудани Раёсати ягонаи хизматрасонии обуҳавошиносии Тоҷикистон, шўъбаи ҳавошиносӣ ба шўъбаи пешгўии бодуҳаво иваз карда шуда, баъдан бо номи шуъбаи пешгўии боду ҳаво (ШПБҲ) фаъолият намуда, ба шўъбаи хизматрасонии пешгўии Раёсат итоат мекард.

 Дар солҳои 1935-36 миқдори харитаҳои синоптикии рўизаминӣ дар як шабонарўз то 4 адад расонда шуда, нашри бюллетени њамарўзаи пешгўии боду ҳаво (6 нусха) оғоз гардид.

 Тобистони соли 1946 дар Тоҷикистон мунтазам сар додани радиозондҳо дар шабакаи Сталинобод ва баъдан дар шаҳри Хорўғ оғоз гардид, ки барои баланд бардоштани сифати пешгӯиҳои боду њаво имконият дод. Дар давраи аз солҳои 1945 то 1950 дар Тоҷикистон як қатор шабакаҳо дар минтақаҳои баландкӯҳӣ, дидбонгоҳҳо ва нуқтањои сардодани балонҳои ҳавои (шары-пилоты) кушода шуданд.

 Дар солҳои 1946-1947 қабули мунтазами ахбороти муҳими ҳавошиносӣ аз хадамотҳои обуҳавошиносии Ҳиндустон, Покистон ва давлатњои Шарқи Наздик ба роҳ монда шуд.

 Аз соли 1947 дар шўъбаи пешгўии боду ҳаво мунтазам таҳияи харитаҳои топографии фишор, ки тақсимшавии фишор, ҳарорат, намнокӣ ва шамолро дар баландињои гуногун тавсиф медиҳад, дар корњои амалӣ љори карда шуд. Дар аввал ин харитаҳо дар як шабонарўз як маротиба, баъдан се мротиба таҳия мегардиданд (03, 15, 21 соат бо ваќти Москов).

 Аз солҳои 1946-1947 ҷамъоварии маводҳои ҷамъгардида ҷиҳати омузиши пайдоиши зуҳуротҳои метеорологии хавфнок ва нињоят хавфнок барои ташкилотњои хоҷагидорїӣ аҳолӣ ва ҳавонаварди (авиация) дар Тоҷикистон оғоз гардид.

 Охирҳои соли 1947 таҳияи пешгўиҳо барои ду шабонарўз дар асоси нақшаи инкишофи ҷраёнҳои синоптикии аз шўъбаи пешгуии бодуҳавои Тошканд фиристода шуда, ташкил карда шуд.

 Аз соли 1953 бо ташкил намудани гурўҳи пешгўии дарозмуддати боду ҳаво дар шўъбаи пешгўии боду ҳавои Сталинобод, ба тањияи мунтазами пешгўиҳои боду ҳаво дар ШПБҲ на танҳо барои се шабонарўз балки барои давраи то 7 шабонарўз шурўъ намуданд. Бағайр аз пешгўиҳои буду ҳавои умуӣ, инчунин таҳияи пешгўиҳои махсус барои соҳаҳои асосии фаъолияти хоҷагидорӣ оғоз гардид. Ҳаљми кории ШПБҲ хеле афзуд.

 Моҳи декабри соли 1964 Шуъбаи хизматрасонии пешгўи барҳам дода шуда вазифаҳои он ба ШПБҲ шањри Душанбе супорида шуд. ШПБҲ ш. Душанбе аз чунин зерсохторҳо иборат буд:

 -шуъбаи пешгўии боду ҳаво;

 -шуъбаи обшиносӣ;

 -шуъбаи пешгуии кишоварзӣ.

 Соли 1978 дар ШПБҲ инчунин шуъбаи хизматрасонии ҳавонавардӣ ва хоҷагии халқ таъсис дода шуд. Ҳаҷми маводҳои аэросиноптикие, ки бо усули дасти тасвир меёфт, сол то сол кам гардид, чунки харитаҳо таввасути  факсимили аз САРНИГМИ ва қисман аз Маркази обуҳавосанҷии шаҳри Москов қабул мегардиданд.

 Аз соли 1971 дар Раёсати хизматрасонии обуҳавошиносӣ қабули маълумотҳои моҳворагӣ ба роҳ монда шуд; аз моҳи марти соли 1974 дар Шабакаи ҳавосанҷии ҷавонавардии шаҳрвандии Душанбе МРЛ-2 ба истифода дода шуд.

 Аз соли 1998 қабули маълумоти моҳворагӣ тавассути системаи компютерии ЛАРС амали карда шуд. Дар баробари ин қабули маълумотҳои синоптикӣ аз шабакаи ОРТ тавассути системаи компютерии МЕТЕО-ИНФОРМ оғоз гардид.

 Аз соли 2003 ШПБҲ Душанбе ба Маркази пешгўиҳои боду ҳаво тағйир дода шуд. Марказ аз ду шуъба иборат буд:

 - шуъбаи пешгуии кўтоҳмуддат;

 - шуъбаи пешгуии дарозмуддат.

 Моҳи апрели ҳамон сол созишнома миёни Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Тоҷикистон (МДОТ) ва Русия ба имзо расонида шуд.

 Аз соли 2005 тавассути маркази алоқа аз Тошкант тамоми маълумот ба шуъбаи пешгӯии боду ҳаво ворид мегардад.

 Феълан дар шуъбаи пешгуии обуњаво 54 стансияи обуҳавосанљӣ бо усули автоматӣ амал мекунанд, ҳамчунин раванди насби моделҳои ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ корро дучанд осон гардонда, масъулони соҳа имкони ҳар даҳ дақиқа дастрас намудани маълумотро пайдо кардаанд. Бояд гуфт, ки то охири соли 2018 дар Агентї 70 дарсади асбобҳои муосири ченкунӣ ва барномаҳои компютерӣ, ки барои пешгўии дақиқи вазъи обуҳаво заруранд, пурра насб мегардад.

 Дар шуъба таъсис додани базаи электронӣ ба ҷонибҳои манфиатдор имкон медиҳад, ки ба зудӣ аз иттилооти гидрометеорологӣ бархурдор шаванд.

 Эҷоди вариантҳои миллии кодекси байналмилалии KН-01, дар бораи мушоҳидаҳои ҳавоии рўизаминӣ ва иқлимӣ KН-19 роҳнамо барои ворид намудани маълумот оид ба дастгирии техникӣ мебошад.

 Ин таҷҳизот дар ҳамаи истгоҳҳои метеорологӣ насб мешавад.