Шӯъбаи обуҳавошиносӣ

Агентӣ дар  доираи  ўҳдадориҳои  худ  соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз қабили хоҷагии қишлоқ, манзил, роҳ, нақлиёт, об, ҳолатҳои фавқулодда, барқ, алоқа, аҳолӣ ва амсоли онҳоро бо маълумотҳои зерини обуҳавошиносӣ таъмин намуд: пешгўиҳои обуҳаво дар давоми як шабонарўз (барои вилоятҳо, шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Қурғонтеппа ва Кўлоб); пешгўиҳои обуҳаво дар давоми 5 шабонарўз ва 1 моҳ (барои вилоятҳо); пешгўии мавсими зимистони солҳои 2021-2022; пешгўиҳои 10 рўза, моҳона ва семоҳа оид ба тағйир ёфтани андозаи оби дарёҳои ҷумҳурӣ; шарҳи маълумотҳои обу ҳавои моҳои сипаришуда. Пешгўиҳои мавсимӣ -4 маротиба, пешгўии 1-моҳаи обу ҳаво 12 маротиба. Пешниҳоди иттилоот ба воситаи суроғаҳои электронӣ то имрўз ба 90 адад расидааст.

Соли  равон  ба Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва соҳаҳои  дахлдори  хоҷагии  халқ 250  пешгӯҳои  1-5 шабонарўзӣ, 36 бюллетени гидрологӣ, 36 бюллетени агрометорологӣ, 12 пешгўиҳои моҳонаи обу ҳаво, 4 пешгўии сарфи оби дарёҳо дар давраи мавсимӣ, 12 шарҳи маълумотҳои обуҳавои моҳҳои сипаришуда пешкаш карда шуд.

Агентӣ барои оҷилан дастраси истифодабарандагон гардонидани пешгўиҳои обуҳаво аз воситаи алоқаи Интернетӣ истифода намуда, мўҳлати расонидан ва сифати маълумотҳоро бештар гардонид.

Имсол ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони шуъбаи обуҳавошиносӣ кўшиш ба харҷ дода истодаанд, ки ҳамаи маълумотҳои заруриро аз раёсат, марказ ва шуъбаҳои Агентии обуҳавошиносӣ қабул карда, ба дараҷаи талаботи  имрӯза  мувофиқ  гардонида  сипас,  бо  сифати баланд ҳар чӣ тезтар ба истифодабарандагон расонанд.

Дастовардҳои меҳнатӣ бо истифода аз техникаҳои компютерӣ :

-  Баъд аз дастрас гардидани техникаҳои компютерӣ вақти омода намудани пешгўиҳои обуҳаво ва дастраси ба истифодабарандагон то ду соат кўтоҳ гардид.

-  Ҳолати дар шакли электронӣ нигоҳ доштани иттилоот ба куллӣ беҳтар гардид.

-   Бюллетенҳои ҳаррӯзаи обуҳавошиносӣ, обшиносӣ ва агрометеорологӣ дар тарҳи нав омода ва пешниҳод мегарданд.