Шӯъбаи робитаҳои байналхақӣ

Робитаҳои  байналхалқии  Агентӣ бо  мақомотҳои обуҳавошиносии  давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои умумиљаҳонӣ, аз ҷумла Ташкилотҳои метеорологӣ, Созмони Миллали Муттаҳид ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҷиҳати ба даст овардани маълумотҳои зарурӣ барои иштироки мутахассисони соҳа дар кори конфронсу семинарҳо, ҷаласаю вохўриҳо ва курсҳои такмили ихтисос ҳамкорӣ намуда, корҳои вобаста ба таъмини раводиди давлатњои хориҷӣ, қабулу ҷойгиронӣ ва гусел намудани меҳмонони дохилию хориҷиро дар сатҳи зарурӣ иҷро намуда истодааст. Соли 2016 бо мақсади тайёр намудани кадрҳои соҳаи обуҳавошиносӣ дар доираи лоиҳаи Мукаммалсозии Хизматрасонии Обуҳавошиносӣ дар Осиёи Миёна, ҷузъи “С” 6 нафар мутахассисони ҷавонони Агентӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд:

Соли 2016 мутахассисони маркази автоматикии алоқа барои тақвият додани соҳаи комуникатсионии алоқа, маркетинг ва рушди Агентӣ дар курсҳои кӯтоҳмудат ба шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон сафарбар шуда буданд.

Дар доираи Лоиҳаи ФИН-ТОҶ дар моҳи март вохурӣ бо намояндагони Институти обуҳавошиносии Финляндия гузаронида шуд, ки масъалаҳои банақшагирии чорабиниҳо дар соли 2016, имкониятҳои ҳамкориҳо дар оянда дида баромада шуданд. Дар доираи сафари намояндагони Институти обуҳавошиносии Финляндия мутахассисони марказ дар гузаронидани омӯзиш барои мутахассисони Агентӣ оид ба масъалаҳои  мониторинги ифлосшавии ҳавои атмосфера, ташкил намудани маҳзани маълумотҳо ва коркарди таҷҳизотҳои нави нуқтаи автоматикии мушоҳидавӣ, ки аз тарафи Институти обуҳавошиносии Финляндия гузаронида шуданд, ҷалб гардиданд. Дар моҳи августи соли 2016  мутахассисони соҳаи Институти обуҳавошиносии Финляндия барои омӯзиш оид ба мониторинги ифлосшавии об ташриф оварданд. Дар якҷоягӣ сафари ояндаи намояндагони Институти обуҳавошиносии Финляндия  барои гузаронидани омузишҳо оид ба таъғйирёбии иқлим ва коркарди маълумот, баҳо додани лоиҳа ва муайян кардани қадамҳо дар оянда барои ҳамкорӣ ба нақша гирифта шуд.

 Дар давоми соли 2017 ва оғози соли 2018  шуъба як қаттор корҳоро ба анҷом  расонид. Дар доираи курсњои омўзишии ташкил намудаи  Ташкилоти Умумиҷаҳони Обуҳавошиносӣ (ТУО) ва Маркази Тадқиқотии Илмии Коинотии Ҳавзаи Уқёнуси Ором (CSSTEAP), Ҳиндустон шуъбаи робитаҳои байналхалқӣ ҳуҷҷатҳои лозимаи 8-нафар кормандони ҷавони Агентиро барои таҳсил намудан дар  Федератсияи Россия ва 6-нафар барои курсҳои кутоњмуддат ва 6 нафари дигар барои курси нуҳ моњаи баъди дипломӣ дар Ҳиндустон барои таҳсил намудан пешниҳод намуда ва аз ин шумора 2 нафар дар Донишгоҳи обуҳавошиносии шаҳри Санкт Петербург, Федератсияи Русия, 1 нафар дар Донишгоҳи Ҳоҳаи, Ҷумҳурии мардумии Чин ва 4 нафари дигар дар Ҳиндустон бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Аз соли 2017 то моҳи феврали соли 2018  40 нафар кормандони Агентии обуҳавошиносӣ дар чалласаҳо, иҷлосияҳо ва машваратҳои соҳавӣ ки дар хориҷи кишвар гузаронида шуда буданд, фаъолона иштирок намуданд.