Маркази автоматикии аълоқа

Маркази автоматикии алоқа зерсохтори Агентии обуҳавошиносӣ ба ҳисоб рафта, мутобиқи нақшаи кории тасдиқшудаи Марказ фаъолият менамояд. Кормандони ин Марказ вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо тибқи имконияти мавҷуда ба сомон мерасонанд. Тамоми чорабиниҳоро аз рўи нақша ва муҳлати гузошташуда иҷро намуда, барои  боз ҳам тақвият бахшидани соҳаи алоқа пурсамар фаъолият мекунанд. Дар ҳар семоҳа ба ҳамаи кормандон семинари бозомўзӣ дар соҳаи алоқа мегузарад.

 

 Вазифаи асосии Маркази автоматикии алоқа ин таъмин намудани Агентӣ ва шабакаҳою зерсохторҳояш бо хатти интернет, маълумоти саривақтии гидрометеорологқ аз стансияҳо ва ҳифзи таҷҳизотҳои соҳаи компютерию коммуникатсионии алоқа, барқарорсозии барномаҳои нави компютерӣ ва стансияҳои автоматикии алоқа равона карда шудааст.

Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ Марказ ба дастовардҳои хуби соҳаи алоқа ноил гаштааст. Як қатор системаҳои муосири коммуникатсионии алоқа аз қабили Митра, Гис-метео, Клайвар ва МҶММ (Маркази ҷамъоварии маълумотҳои  мушоҳидавӣ)  васл  гардиданд.  Аз  тарафи мушовирони техникии обуҳавошиносии Русия ҷиҳати истифодабарии системањои муосири соҳаи алоқа МҶММ бо мутахассисон омўзиш гузаронидашуд . Ҳамзамон хурсандиовар аст, ки мутахассисон аз истифодаи технологияи замони муосир дар имрўзу оянда хело хуб баромада метавонанд.

Бо истифода аз системаи МҶММ маълумотҳои гидрометеорологӣ бо тариқи автоматикӣ дар кўтоҳтарин вақт ҷамъоварӣ карда мешаванд. Ин системаи нав кори қабули маълумоти марказро якчанд маротиба осон намудааст.

Барои пешбурди кори соҳаи обуҳавошиносӣ компютер, принтер ва ноутбук дар шуъбаҳо, Марказҳо ва Раёсатҳои Агентӣ васл карда шуданд, ки ин ҳам бошад барои пешравии кори сохторҳои Агентӣ такон бахшидааст.

Фаъолияти кормандони Маркази автоматикии алоқа тули 25-соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо мукофоту ифтихорномаҳо қадрдонқ шудаанд.

Шӯъбаи коммуникатсиониШӯъбаи компютериШӯъбаи маркетинг ва рушдШӯъбаи қабули радифии алоқаШӯъбаи хизматрасони ва таъмири стансияҳои автоматикиБахши таълими фосилави