Шӯъбаи хизматрасони ва таъмири стансияҳои автоматики

Шуъбаи мазкур навтаъсис буда, вазифаи шуъба таъмиру хизматрасонии стансияҳои замонавии автоматикӣ мебошад. Хизматрасонии стансияҳои автоматикӣ ба зиммаи Маркази автоматикии алоқа гузошта шудааст, бинобар ин дар Маркази автоматикии алоқа Шуъбаи таъмир ва хизматрасонии стансияҳои автоматикӣ таъсис дода шудааст.

Агентии обуҳавошиносӣ ба 54 адад стансияҳои автоматикии метеорологӣ  ва  16  адад  стансияҳои автоматикии гидрологӣ  таъмин  гашт. Ин яке аз дастовардҳои Агентии обуҳавошиносӣ дар замони Истиқолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, чунки ин стансияҳои автоматикӣ, стансияҳои замонавӣ буда дар муассисаҳои метеорологии мамлакатҳои қитъаҳои Амрико, Аврупо, Африко ва Осиё истифода бурда мешаванд.

  

  Ин  стансияҳо мушоҳидаҳои метеорологӣ ва гидрологиро бо тарзи автоматикӣ ба Маркази ҷамъоварии маълумотҳои мушоҳидавӣ, ки дар «Маркази автоматикии алоқа» ҷойгир карда шудааст, интиқол карда мешавад.Маълумотҳо тариқи асбобҳои хабаркунӣ, ки намудҳои гуногун доранд, дар стансияҳо ҷамъоварӣ шуда, бо истифодаи алоқаи мобилӣ, бо тарзи смс ба Маркази ҷамъоварии маълумотҳои мушоҳидавӣ (МҶММ) равон карда мешаванд.