Шабакаҳои давлатӣ барои ҳамоҳангсозии корҳо оид ба мониторинги обуҳавошиносӣ ташкил шудааст.
Раёсати шабакаҳои давлатӣ муайян ва мувофиќакунии номгўи асбобҳо ва дастгоҳҳои обуҳавошиносиро барои гузаронидани мониторинги обуҳавошиносӣ, коркарди ҳуҷҷатњои методӣ, муайян намудани қоидаҳои истеҳсолӣ ва мушоњидаҳоро дар бар мегирад. Дар мувофиқа бо ташкилотҳои манфиатдор ва идораҳои дахлдор, дар мавзеҳое, ки мушоњидаҳои обуњавошиносӣ гузаронида намешаванд, стансия ва дидбонгоҳҳо сохта мешаванд. Дар қаламрави Тоҷикистон нахустин стансияи обуҳавошиносӣ ва дидбонгоҳҳо дар нимаи дуюми асри 19 ташкил шудаанд. Аввалин стансияи обуҳавошиносӣ соли 1866 дар шаҳри Хуҷанд, соли 1873 дар шаҳри Уротеппа, соли 1879 шаҳри Панҷакент, соли 1894 ноҳияи Мурғоб, соли 1898 шаҳри Хоруғ кушода шуд. Сохтмони стансияҳои обуҳавошиносӣ дар ноҳияҳои гуногун ва минтақаҳои баландкўҳ, яъне дар он ҷойҳое, ки барои пурра омўхтани иқлими Тоҷикистон зарурат дошт сохта шуданд. Рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ барои гузаронидани мониторинги обуҳавошиносӣ вазифаҳои нав ва рушди соҳаи кишоварзӣталаботи дониши захираҳои агроиқлимиро дар Тоҷикистон гузошт. Зеро дар шароити заминҳои обёришаванда ва дар робита бо рушди гидроэнергетика пешгўии низоми объектҳои об зарурат доштаро муайян кард.
Масоили ҳифзи атмосфераи замин ба мушкилоти ифлосшавӣ рубарў шуда аҳамияти давлатӣ пайдо кардааст ва ба ҳалли он мутахассисиони обуҳавошиносӣ ҷалб шудаанд.
Агентӣ обуҳавошиноси дар доираи лоиҳаи Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Миёна, ҷузъи “С” бо 54 адад стансияҳои худкори (автоматики) метеорологӣ ва 16 адад стансияҳои худкори гидрологӣ ваъсл карда шудаанд. Айни ҳол, шабакаҳои давлатӣ аз 56 стансияҳо иборат мебошанд ва ба дараҷаҳои 1, 2, 3-юм тақсим мешаванд. Дараҷаи стансияҳо аз рўи ҳаҷми кори мушоҳидаҳо таъин карда мешавад. Аз онҳо 34 стансияҳои ҳавошиносӣ, 5 обшиносӣ, 2 агрометеорологӣ, 2 ҳавоӣ, 11 ҳавопаймоӣ, 2 барфу тармасанҷӣ, 1 ҷараёни сел ва 106 обшиносӣ,метеорологӣ ва агрометеорологӣ ва нуқтаҳои назорати барои ифлосшавии муҳити зист маҳсуб меёбад. Шабакаҳои давлатӣ қитъаи замини наздиҳавлигиро барои сохтмони стансия ва қдидбонгоҳҳои обуњавошиносӣ идора мекунанд. Ҳар сол , ҳамоҳангсозии нақшаи кории шабакаҳои назоратӣ тибқи дастур ва дархости ҷонибҳои манфиатдор барои гирифтани маълумоти обуҳавошиносӣ дар назар аст. Бояд кайд намуд, ки минбаъд бо густариш ва такмили истифодаи маълумоти обуҳавошиносӣ, тавассути ҷорӣ намудани усулҳои нав ва беҳтар ба воситаҳои назорат додани маълумоти зарурӣ ба истеъмолкунандагон ба манфиати кор аст.