Пешгӯии обуҳаво барои моҳи декабри соли 2019

                                  Пешгӯии обуҳавои ҷумҳурӣ барои моҳи декабри соли 2019

                                Вилояти Хатлон ва водиҳои НТМ

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгўӣ шуда, дар водиҳо 4+50 гарм ва дар ноҳияҳои доманакўҳӣ  2+30 гармиро ташкил медиҳад.

Дар давоми моҳ эҳтимолияти тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо  шабона аз 1+60 гарм то -1+40, рўзона аз 13+180 гарм то 6+110 гарм, дар ноҳияҳои доманакўҳӣ шабона аз 0+50 гарм то -2+30, рўзона аз  10+150 гарм то 4+90 гарм мешавад.

Пастшавии нисбатан назарраси ҳарорати ҳаво дар даҳрӯзаи сеюми моҳ дар назар буда, ҳарорати ҳаво дар водиҳо паст шуда шабона то 2-70 хунук, рўзона то -2+30, дар доманакўҳҳо шабона то 4-90 хунук, рӯзона то -3+20 пешгўӣ мешавад.

Миқдори моҳонаи боришот аз меъёри иқлимӣ паст пешгўӣ шуда, дар водиҳо18-66 мм ва дар ноҳияҳои доманакўҳӣ 77-92мм-ро ташкил медиҳад. Рўзҳои алоҳида вазиши шамол аз самти ғарб  бо шиддатнокии то 17-22мм дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.

 

Вилояти Суғд

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ  10 баланд  пешгўӣ шуда, дар  водиҳо 1+30 гарм, дар ноҳияҳои кўҳӣ 1-30 хунукиро ташкил медиҳад.

Дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо шабона аз -1+40 то -4+10, рўзона  аз 9+140 гарм то 3+80 гарм,  дар ноҳияҳои кўҳӣ шабона аз 0-50 хунук то 3-80 хунук, рўзона аз 2+70 гарм то -3+20 пешгўӣ мешавад. Пастшавии нисбатан назарраси ҳарорати ҳаво дар даҳрӯзаи сеюми пешгўӣ шуда, ҳарорати ҳаво паст шуда дар водиҳо шабона  то 2-70 хунук, рўзона то -2+30, дар ноҳияҳои кўҳӣ шабона то 6-110 хунук, рўзона то 0-50 хунук мешавад.

Миқдори моҳонаи боришот дар ҳудуд ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ баланд пешгўӣ шуда, дар водиҳо 15-18мм ва дар ноҳияҳои кўҳӣ 10-22мм-ро ташкил медиҳад.

Дар рўзҳои алоҳида вазиши шамол аз самти ғарб бо шиддатнокии то 18-23м/с дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.

 

Ноҳияҳои кӯҳии НТМ ва ғарби ВМКБ

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-20 баланд пешгўӣ шуда, 1-30 хунукиро ташкил медиҳад.

Ҳавои нисбатан гарм дар нимаи аввали моҳ пешгўӣ шуда, ҳарорати ҳаво шабона -3+20, рўзона 5+100 гарм мешавад. Дар нимаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, шабона то 0-50 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 4-90 хунук, рўзона то 2+70 гарм, дар баъзе ноҳияҳо то -1+40 мешавад.  Пастшавии нисбатан назарраси ҳарорати ҳаво дар даҳрӯзаи сеюми моҳ пешгўӣ шуда, ҳарорати ҳаво паст шуда,  шабона то 4-90 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 10-150 хунук, рўзона -2+30, дар баъзе ноҳияњо то 0-50 хунукӣ дар назар аст.

Миқдори моҳонаи боришот аз меъёри иқлимӣ баланд пешгўӣ шуда, дар ғарби ВМКБ 26-52мм, дар  НТМ 37-72 мм-ро ташкил медиҳад.

 

Шарқи ВМКБ

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1-30 баланд пешгӯӣ шуда, 12-190 хунукиро ташкил медиҳад.

Дар даҳрўзаи аввали моҳ ҳарорати ҳаво шабона 12-170 хунук ( дар мавзеи Булункул то 20-250 хунук), рўзона 0-50 хунук (дар мавзеи Булункул то 6-110 хунук) пешгўӣ мешавад. Дар даҳрўзаи дуюми моҳ ҳарорати ҳаво  шабона 17-220 хунук (дар мавзеи Булункул то 30-350 хунук), рўзона 6-110 хунукиро ташкил медиҳад. Пастшавии нисбатан назарраси ҳарорати ҳаво дар охири моҳ пешгўӣ шуда, ҳарорати ҳаво паст шуда,  шабона то 23-280 хунук (дар мавзеи Булункул то 37-420 хунук), рўзона то 10-150 хунук (дар мавзеи Булункул то 15-200 хунук) мешавад.

 Миқдори моҳонаи боришот аз меъёри иқлимӣ баланд пешгўӣ шуда, 4-12мм-ро ташкил медиҳад.

  Соли монанд  2008