Тавсифи мухтасари иқлимҳо

Иқлими экваторӣ

Барои ин намуди иқлим бартарии ҷараёнҳои анбўҳи ҳавоии гарм ва намнокии экваторӣ хос аст. Ҳарорати ҳаво дар ин ҷо доимӣ аст (+24-28 °С) ва дар тўли сол боришоти зиёд меборад (аз 1500 то 5000 мм). Аз сабаби он, ки миқдори боришот беш аз бухоршавӣ аст, хокҳо дар иқлими экваторӣ ботлоқӣ мебошанд ва дар онҳо ҷангалҳои анбўҳ ва баланди намнок месабзанд. Намуди экватории иқлим дар минтақаҳои шимолии Америкаи Ҷанубӣ, дар соҳили халиҷи Гвинея, ҳавзаи дарёи Конго, болооби Нил дар Африка, қисмати бузурги галаҷазираи Индонезия ва қисматҳои ба он ҳамҷавори уқёнусҳои Ҳинд ва Ором дар Осиё ташаккул меёбад.        

Иқлими субэкваторӣ

Дар намуди мазкури иқлим ҳар сол фаслҳои боронӣ мешаванд – тобистон ин ҷо гарм аст ва аксари вақтҳо боришоти фаровон меборад. Бо омадани зимистон, фасли бештар сарду хушк фаро мерасад. Боришот дар иқлими субэкваторӣ ба таври бисёр нобаробар тақсим мешаванд. Ба таври мисол, дар пойтахти Гвинея шаҳри Конакри дар моҳҳои декабр-март 15 мм бориш мешавад ва дар моҳҳои июн-сентябр – 3920 мм. Намуди мазкури иқлим дар баъзе аз қисматҳои уқёнуси Ҳинд, дар ғарби уќёнуси Ором ва ҳамчунин дар Осиёи Ҷанубӣ ва дар минтақаҳои тропикии Африка ва Америкаи Ҷанубӣ паҳн шудааст.

Иқлими тропикӣ

Дар минтақаи иқлими тропикӣ антисиклонҳо бо фишори баланд ҳукмрон ҳастанд ва обу ҳавои соф тақрибан тамоми сол меистад. Барои минтақаи иқлимии мазкур ду фасл хос аст: гарм ва сард. Ҳарорат мумкин аст аз +20 °С дар соҳил то +50 °С, дар дохили материк тағйир ёбад. Тағйирёбии шабонарўзии ҳарорат низ бисёр назаррас мебошад: дар тобистон рўзона ҳаво то 40+45 °С тафсида, шабона то 10-15 °С поин мешавад. Дар минтақаҳои бештар намнок саваннаҳо ва ҷангалҳои баргрез паҳн шудаанд. Иқлими тропикӣ барои Мексика, Африкаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Австралияи Марказӣ ва нимҷазираи Араб хос мебошад.

Иқлими субтропикӣ

Иқлими субтропикӣ дар минтақаҳое ҳукмфармо аст, ки байни арзҳои тропикӣ ва муътадил, тақрибан байни 30° ва 45° арзи шимолӣ ва ҷанубӣ ҷойгир мебошанд. Ин ҷо маъмулан тобистони гарми тропикӣ ва зимистони ба андозаи кофӣ сард ҳукмфармо аст. Ҳарорати миёнаи ҳавои қутби яхбандӣ то -10 ... -15 °С ва баъзан сармои сахт (то -25°С) имконпазир аст. Намуди мазкури иқлим барои Баҳри Миёназамин, Африкаи Ҷанубӣ, Австралияи Ҷанубу Ғарбӣ ва Калифорнияи шимолу ғарбӣ хос аст. Дар Русия – соҳили Баҳри Сиёҳ ба ҷануб аз Анапа.

Иқлими муътадил

Намуди мазкури иқлим дар арзҳои муътадил (аз 40-45° арзи шимолӣ ва ҷанубӣ то доираҳои қутбӣ) ташаккул меёбад. Дар нимкураи шимолӣ беш аз нисфи сатҳи минтақаи муътадилро хушкӣ ишғол мекунад, дар нимкураи ҷанубӣ 98% – уқёнусҳо мебошанд. Ба иқлими муътадил тағйироти доимӣ ва шадиди обу ҳаво ба сабаби сиклонҳо хос мебошанд. Хусусияти асосии иқлими муътадил– чаҳор фасл аст: ду фасли асосӣ – сард (зимистон) ва гарм (тобистон) ва ду мобайнӣ – баҳор ва тирамоҳ. Ҳарорати миёнаи моҳи аз ҳама сардтарин, ҳамчун қоида, зери 0 °С, моҳи гармтарин беш аз +15 °С мебошад. Дар иқлими муътадил дар фасли зимистон дар сатҳи замин барф аст. Бодҳои бартаридоштаи ғарбӣ дар тўли тамоми сол боиси боришот мешаванд. Дар як сол зиёда аз 1000 мм дар минтақаҳои наздисоҳилӣ то 100 мм дар дохили материк боришот ба қайд гирифта мешавад.

Иқлими зерқутбӣ (субарктикӣ/субантарктикӣ)

Минтақаи иқлимии субарктикӣ байни минтақаҳои иқлимии арктикӣ ва муътадили нимкураи шимолии Замин ҷойгир аст. Ин ҷо тобистон ҷараёни анбӯҳи (массаи) ҳавоии муътадил ва зимистон –ҷараёни анбўҳи ҳавои арктикӣ ҳукмфармо аст. Тобистон кўтоҳ ва сард аст – дар моҳи июл ҳарорати ҳаво рўзона гоҳ-гоҳ беш аз +15 °С баланд ва шабона то 0... +3 °С поин мешавад. Дар  тўли тамоми тобистон яхбандии шабона истисно нашудаанд. Зимистон ҳарорати ҳаво рўзона ва шабона    -35-45°С-ро ташкил медиҳад. Қаламраверо, ки дар он иқлими субарктикӣ ҳукмфармо аст, тундра ва бешатундра ишғол намудааст, хокҳо ба яхбандии бисёрсола гирифтор шудаанд ва набототу ва ҳайвонот гоҳ-гоҳ мушоҳида мешаванд. Иқлими субарктикӣ дар шимоли Русия, Канада, Аляска (ИМА), Гренландияи Ҷанубӣ ва дар канори шимоли Аврупо паҳн шудааст.Минтақаи иқлимии субантарктикӣ дар нимкураи ҷанубӣ миёни минтақаҳои муътадил ва антарктикӣ ҷойгир аст. Қисмати бештари минтақаи иқлимии субантарктикӣ бо сатҳи уқёнус ишғол шудааст. Миқдори боришот ба 500 мм дар як сол мерасад.

Иқлими қутбӣ

Иқлими қутбӣ дар баландтар аз 70° арзи шимолӣ ва 65° арзи ҷанубӣ ҷойгир аст, ки ду минтақаро ташкил медиҳад: арктикӣ ва антарктикӣ. Тамоми сол ин ҷо ҷараёнҳои анбўҳи ҳавоии қутбӣ бартарӣ доранд. Офтоб чанд моҳ тамоман намебарояд (ин вақт “шаби қутбӣ” ном дорад) ва чанд моҳ ба уфуқ намеравад (“рўзи қутбӣ”). Барф ва ях гармиро назар ба қабул кардан бештар медиҳанд, бинобар ин, ҳаво бисёр сард аст ва барф тамоми сол об намешавад. Дар тўли тамоми сол ин ҷо фишори атмосфера баланд аст, аз ин хотир, бод заиф ва абрҳо тақрибан вуҷуд надоранд. Боришот хеле кам ва пур аз шўшаҳои хурди ях мебошад, тобистон резаборони давомдор маъмул аст. Ҳарорати миёнаи тобистон аз 0 °С баланд намешавад ва зимистон – -20-40 °С аст.