Дар вохурии мазур намояндагони Бонки Рушди Осиё Ясмин Сидиқӣ – Сармутахассис оид ба захираҳои об ва Лейла Мари Форонда Мариано – таҳлилгари Лоиҳаи идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ иштирок доштанд. Дар рафти вохури масъалаҳо оид ба нақшаҳои оянда ва натиҷаи кори Лоиҳаи Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ, масъалаҳо оид ба лоиҳаи нави БРО “Беҳтар намудани Системаи иригатсионии ҳавзаи дарёи Вахш”, нақши Агентӣ ҳамчун яке аз мақомотҳои муҳимтарин дар доираи лоиҳаи зикргардида, барои пешниҳод намудани маълумотҳои обуҳавосанҷӣ баррасӣ гардиданд. Инчунин бояд қайд намуд, ки аз 01 то 10 июли соли 2019 сафари навбатии намояндагони БРО барои таҳлил ва омӯзиши фаъолияти лоиҳаҳои номбурда дар назар аст.