Баргузории семинари омӯзишӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон

Баргузории семинари омӯзишӣ дар  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон

Баргузории семинари омӯзишӣ дар

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон

 Дар доираи нақша-чорабиниҳои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази яхшиносии Агентӣ санаи 19 ноябри соли ҷорӣ бахшида ба “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” ва 30 –юмин солгарди Истиқлолияти давлтии кишварамон дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзӯи “Таъсири раванди тағйирёбии иқлим ба захираҳои обии Тоҷикистон ва пешгӯии офатҳои табиӣ” семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.

             

Дар рафти семинар мутахассисони Маркази яхшиносии Агентӣ ба воситаи рӯнамоҳо ва истифодаи таҷҳизоту асбобҳои корӣ ба донишҷӯён маълумот оид ба  таъсири раванди тағйирёбии иқлим ба захираҳои обии Тоҷикистон,пешгӯии офатҳои табиӣ ва фаъолияти ҳаррӯзаи Маркази яхшиносӣ маълумот пешниҳод намуданд. Дар рафти семинар байни донишҷӯён ва мутахассис-яхшиносони Агентӣ дар бораи захираҳои обии кишвар, пиряхҳо, гузаронидани корҳои барфченкунӣ дар як қатор ҳавзаи дарёҳои ҷумҳурӣ (бо усули пиёда ва аэровизуалӣ), пешгӯии фаромадани зуҳуротҳои тарма ва сел, инчунин омӯзиши кӯлҳои рахнашаванда ва кӯлҳои пиряхӣ   саволу ҷавоб роҳандозӣ шуд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки дар ин раванд истифодаи таҷҳизоту асбобҳои соҳавӣ ба донишҷӯён омӯзонида шуд. Баргузории семинари мазкур савияи дониши донишҷӯёни соҳаҳои яхшиносӣ, иқлимшиносӣ ва ҷуғрофияро дар самти таъсири раванди тағйирёбии иқлим ба захираҳои обии Тоҷикистон ва пешгӯии офатҳои табиӣ баланд бардошта, барои омӯзгорон ва донишҷӯён донишҳои навро ба бор овард.

Расмҳо аз рафти баргузории семинар.

 

Новости