АКСИЯИ «ПИРЯХҲОИ ХУДРО ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!»

АКСИЯИ «ПИРЯХҲОИ ХУДРО ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!»

АКСИЯИ «ПИРЯХҲОИ ХУДРО ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!»

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди сатҳи байналмиллалӣ - Созмони Милали Муттаҳид таклиф барои эълон намуданди “Даҳсолаи байналмиллалии об баҳри рушди устувор барои солҳои 2018-2028”-ро пешниҳод намуд, ки ин яке аз иқдомҳои наку ва дурбинонаи сарвари давлати тоҷикон ба ҳисоб рафта, ба истифодаи сарфакоронаи об, таъмин намудани аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ равона гардидааст.

Аз сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар баръало мушоҳида мегардад, ки дар шароити тағйирёбии иқлим нарасидани оби ошомиданӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақа мушоҳида мегардад. Обшавии пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар минтақаҳо боиси нигаронӣ буда, моро водор месозад, ки дар ин самт якҷоя бо коршиносони байналмилалӣ, ташкилотҳо, вазоратҳо ва дигар ҷомеаи ҷаҳонӣ корҳои таблиғотӣ, ташфиқотӣ ва илмӣ бурда, бо истифода аз технологияи мосир пешгирии обшавии онҳоро ба роҳ монем. Масъалаи мазкур аз мубрамтарин масоили асри 21 ба ҳисоб рафта, Сайёраи мо имрӯз ба ҳолати душвори муҳити зист рӯ ба рӯ шуда истодааст.

Рўзи 25 октябри соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Наврўзгоҳ”-и пойтахт бо ибтикори Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ аксияи “Пиряхҳои худро ҳифз менамоем” баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату кумитаҳо, донишгоҳу муассисаҳои таълмӣ, инчунин сохторҳои Агентии обуҳавошиносӣ фаъолона иштирок намуданд. Дар ин ҳамоиш шиорҳо оиди ҳифзи пиряхҳо, амсилаҳо, маводҳои илмию таълимии соҳавӣ ва дастовардҳои соҳа дар самти ҳифзи муҳити зист ба маърази тамошои аҳолӣ гузошта шуда буд.

Баргузории аксияи мазкур моро дар оянда вазифадор менамояд, ки сатҳи маълумотнокии аҳолии кишварро дар самти ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо боло бардошта, ҷавононро дар ин рўҳия ҳидоят намоем.

                                   Расмҳо аз баргузории аксияи «Пиряхҳои худро ҳифз менамоем!»

Новости