Ҷаласа дар мавзӯи (танзим баракати зиндагӣ)

Ҷаласа дар мавзӯи (танзим баракати зиндагӣ)

Санаи 23.07.2019с дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» бо иштироки колективи кормандон ва аъзоёни комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо мизи мудавар дар мавзўи «танзим баракати зиндагӣ» баргузор гардид. Нахуст ҷаласаро директори Агентӣ раиси комиссияи ҷамъиятӣ «осмони соф» Расулзода Ҳомидҷон Ҳасан ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” яке аз қонунҳои нодири даврони соҳбистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Мавсуф афзуд, ки қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асли фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. 

Аз ин рӯ мебояд шаҳрвандон қонуни мазкурро ҷиддӣ риоя намоянд, зеро он омили асосии раҳоии мардуми кишвар аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ мебошад.

Новости