Ҷаласаи Гурўҳи идоракунӣ ва рушди маркетинг

Санаи 29 сентябри соли равон дар Агентии обуҳавошиносӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ» (маблағгузории иловагӣ) ҷаласаи Гурўҳи идоракунӣ ва рушди маркетинг баргузор гардид. Ҷаласаро мутахассиси мониторинг ва баҳодиҳии Гуруҳи татбиқи лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ» (маблағгузории иловагӣ) М. Музаффаров ифтитоҳ намуда, ҳайати нави Гурўҳи идоракунӣ ва рушди маркетингро муаррифӣ намуд.

Оид ба масъалаи дуюм- пешниҳоди маҳсулоти обуҳавошиносӣ иттилоъ дода шуд, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ» (маблағгузории иловагӣ) таҳияи маҳсулоти нави обуҳавошиносӣ ба нақша гирифта шудааст. Қайд гардид, ки 18 августи соли равон аз ҷониби Агентии обуҳавошиносӣ се маҳсулоти нав: маҳсулоти агрометеорологӣ, сифати ифлосшавии ҳаво ва пешгўии обу ҳаво барои сайёҳон барои 5 шабонарўз пешниҳод гардида буд. Бо мақсади дастрас намудани тавсияҳои мушовирони байналмилалии ширкати машваратии FCG пешниҳоди маҳсулоти нав ба унвонии ширкати мазкур ирсол карда шуд. Дар навбати худ мушовирони ширкати байналмилалӣ иброз намудаанд, ки оиди ин масъала метавонанд тариқи фосилавӣ бо кормандони масъули Агентии обуҳавошиносӣ вохўрӣ доир намоянд.

Оид ба марҳилаи дуюми назарсанҷӣ дар байни ҷонибҳои ҳавасманд директори ширкати M-Vector маълумоти муфассал пешниҳод намуда, намояндаи ширкати мазкур ҳадаф ва марҳилаи дуюми назарсанҷии мазкурро муаррифӣ намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки марҳилаи дуюми назарсанҷӣ давоми мантиқии марҳилаи якум ба шумор рафта, вобаста ба тавсияҳои пешниҳодгардидаи Агентии иҷроия, ГТЛ, мушовирони миллии ширкати FCG саволнома ва ҳайати ҷонибҳои ҳавасманд бозбинӣ карда мешаванд.

Новости