Ҷаласаи навбатии Намояндагии Рушди Бонки Осиёии Рушд бо роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ

Ҷаласаи навбатии Намояндагии Рушди Бонки Осиёии Рушд бо роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ

Рўзи 1 июли соли 2019 Намояндагии Бонки Осиёии Рушд бо директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулзода Ҳ.Ҳ. вохӯрӣ доир намуданд. Дар доираи вохўрии мазкур намояндагон баррасии масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаи нави Бонки Осиёии Рушд  «Навсозии системаи обёрикунӣ (иригатсия) дар ҳавзаи дарёи Вахш» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Мақсади вохӯрии мазкур ҷамъ овардани маълумот дар бораи дидбонгоҳҳои дар ҳавзаи дарёи Вахш фаъолиятдошта мебошад. Дар вохўрӣ аз тарафи намояндагии Бонки Осиёии Рушд хонум Ясмин Сиддиқӣ, сармутахассис оид ба захираҳои об сардори намояндагӣ ҷаноби Акихиро Шимасаки ва ҷаноб Алан иштирок намуданд.

Новости