Табрикоти Директори Агентии обуҳавошиносӣ бахшида ба Иди Саиди Рамазон

Табрикоти Директори Агентии обуҳавошиносӣ бахшида ба Иди Саиди Рамазон

Ҳамкасбони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фаро расидани Иди Саиди Рамазон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони Ватан файзу баракат ва рӯзгори осуда орзў менамоям.

Рамазон, ки дорои арзишҳои маънавии бузург мебошад, барои мардуми мусулмон моҳи муқаддас ба шумор меравад. Ин моҳ инсонро ба сабру таҳаммул ва парҳезкорӣ даъват карда, дар табиати одамон меҳрубонӣ ва раҳму шафқатро нисбат ба якдигар бедор месозад ва онҳоро ғолиби нафсу ҳомии рӯҳ мегардонад. Яъне моҳи Рамазон ба пок гардидани ботину қалби инсон мусоидат карда, ӯро аз гуфтору рафтори зишту номатлуб дур месозад.

Дар ин айём, ки моҳи меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат мебошад, одамон бояд якдигарро эҳтиром намоянд, аз гуноҳи ҳамдигар гузаранд, ба қадри падару модар, калонсолон, хешу табор ва ҳамсояҳои худ расанд ва фурӯтану хоксор бошанд.

Дар ин моҳи муборак баробари ба ҷо овардани тоату ибодат ва зоҳир намудани меҳрубониву самимият иҷрои амалҳои солеҳ, аз қабили хайру эҳсон ва парҳезгорӣ аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои инсониву имонӣ дониста шудааст.

Омезиш ва пайванди устувори арзишҳои миллӣ ва диниву фарҳангӣ моро ба амалҳои хайру савоб, сарфаю сариштакорӣ, тарбияи дурусти насли наврас ва тарғиби илму маърифат ҳидоят мекунад.

Паёмбари ислом дар хутбаи худ ба муносибати оғози моҳи шарифи Рамазон аз шахсони сарватманду доро даъват кардааст: “Ба фақирон ва дармондагон кумаку ёрӣ расонед, ба ятимони бепарастор меҳрубониву ғамхорӣ кунед ва умед дошта бошед, ки баъди сари шумо дигарон низ ба ятимони шумо меҳрубонӣ намоянд”.

Тавре ки мебинем, ин ҳадиси муборак ҷавҳари баланди ахлоқиву иҷтимоӣ дорад. Зеро дар он шахсони ниёзманд махсус зикр шудаанд.

Вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва торафт доман паҳн намудани бемории хатарноки сироятӣ, яъне  бемории сироятии  СOVID-19моро водор месозад, ки ба саломатии худ диққати аввалиндараҷа диҳем ва нагузорем, ки ин бемории хатарнок дар миёни ҷомеаи мо авҷ гирифта, саломатӣ ва ҳаёти одамонро дар хатар гузорад.

Корхонаҳои азиму пуриқтидор дар аксари давлатҳои олам аз кор мондаанд ва буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ ҳамаи мамлакатҳо, аз ҷумла Тоҷикистони моро таҳти таъсир қарор додааст.

Дар чунин шароит ва хусусан моро зарур аст, ки ба қоидаҳои беҳдоштӣ дар хона, маҳалли зист, ҷойи кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бештар диққат диҳем, барои ҳифзи саломатии худамон, аъзои хонавода ва аҳли ҷомеа талош варзем.

Ба андешаи мутахассисон риояи қатъии тадбирҳои беҳдоштӣ ва тозагиву озодагӣ яке аз муҳимтарин роҳҳои пешгирии ин беморӣ мебошад ва ин талабот дар сарчашмаҳои шариати ислом низ борҳо таъкид шудааст. Чунончи, пайғамбари ислом дар ҳадиси худ мефармояд: — “Покизагӣ нисфи имон аст”. Бинобар ин, мо бояд мувофиқи шароит амал кунем ва пеш аз ҳама, дар фикри саломатии худ ва аҳли хонадон бошем.

Дар хотима, бори дигар ҳамаи шумо — ҳамкасбони азизро бо фарорасии ин моҳи муборак табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо зиндагии орому пурсаодат ва ба кишвари азизамон сулҳу субот, пешрафту ободӣ ва дастовардҳои рӯзафзун орзу менамоям.

            Иди Саиди Рамазон муборак, ҳамкасбони азиз!

 

 Бо арзи эҳтиром ,

Директори Агентии обуҳавошиносӣ Расулзода Ҳ.Ҳ.

Новости