Арзёбии талаботи ҷонибҳои манфиатдор ба хизматрасонии обуҳавошиносӣ


Санаи 4 феврали соли равон дар доираи лоиҳаи «Муҷаҳҳазгардонии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ» (маблағгузории иловагӣ), ҷузъи «С» дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар дар мавзӯи: «Арзёбии талаботи ҷонибҳои манфиатдор ба хизматрасонии обуҳавошиносӣ» баргузор гардид. Ташкилкунандаи чорабинии мазкур Ташкилоти ҷамъиятии «Умедбахш» буда, дар он роҳбарияти Агентӣ ва мутахассисони воҳидҳои сохторӣ иштирок намуданд.

 Зимни муаррифӣ сардори Маркази обуҳавосанҷӣ Саидҷамолова Парвина  оид ба муайян намудани эҳтиёҷоти ҷонибҳои манфиатдор ба хзматрасонии обуҳавошиносӣ маълумот дод. Номбурда қайд намуданд, ки Агентии обуҳавошиносӣ дар таъмини аҳолии кишвар бо пешгӯиҳо ба комёбиҳои назаррас ноил шуда, дурустии пешгӯиҳои обу ҳавои таъиноти умумй ва пешгӯиҳои обшиносӣ барои мавсими вегетатсия (мавсими рушди обнокии дарёҳо) низ хеле беҳтар гардидаанд.

Хизматрасониҳои обуҳавошиносӣ бояд ба эҳтиёҷоти истифодабарандагон асос ёбанд ва мо бояд фикру мулоҳизаҳои   истифодабарандагонро барои ноил шудан ба беҳбудии сифати маълумотҳои соҳавӣ истифода барем.

  Инчунин аз таъминкунандагон чигунагии истифодаи иттилоот талаб карда мешавад, ки то он ба  эҳтиёҷоти корбарон мутобиқ карда шавад ва дар ин замина қабули қарорҳо дуруст ба роҳ монда мешавад. Барои амиқтар кардани ин фаҳмиш ҳама бояд ба рушди равандҳои нав мусоидат кунанд ва муколамаи судмандро байни хизматрасонии обу ҳаво,  иқлим ва ҷомеаи корбарон таъмин намуд.  Дар навбати худ корбарон метавонанд дар раванди арзёбии хизматрасони обуҳавошиносӣ саҳм гузоранд.

Ин арзёбӣ метавонад хеле муфид бошад, зеро Агентӣ барои фаҳмидани ниёзҳои муштариён ва беҳтар кардани маҳсулот ва ё хизматрасониҳои соҳавӣ фаъолият дорад.

Новости