Баргузории аксияи ҳифзи муҳити зист ва пиряхҳои Тоҷикистон

Баргузории аксияи ҳифзи муҳити зист ва пиряхҳои Тоҷикистон

Аз 5 то 12 октябри соли 2019 дар асоси ҳамкориҳои тарафайн байни Агентии  обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафорати Олмон аксияи ҳифзи муҳити зист ва пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур 100 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва умумии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок варзиданд. Ҷавонон дар вохурӣ ва семинари доиргардида оид ба “Таъсири тағйирёбии иқлим ва пиряхҳои Осиёи Миёна”, ки дар Истироҳатгоҳи бачагонаи “Баҳористон”-и вилояти Суғд баргузор гардид, маълумотҳои дақиқ пайдо намуда, савияи дониши худро дар бораи табиати Тоҷикистон қавӣ гардониданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки барои хонандагон ва иштирокчиёни ин аксия Сардори Маркази обуҳавосанҷии вилояти Суғд Ҳомидов Абдувалӣ дарсҳои омӯзиширо роҳандозӣ намуда, хонандагонро ба иқлим, табиати биҳишосо ва пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳифзи захираҳои об ва пиряхҳо яке аз масъалаҳои калидии соҳа ба шумор рафта, зери таваҷҷӯҳи доимии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди сатҳи байналмиллалӣ - Созмони Милали Муттаҳид таклиф барои эълон намуданди “Даҳсолаи байналмилалии об баҳри рушди устувор барои солҳои 2018-2028”-ро пешниҳод намуд, ки ин яке аз иқдомҳои наку ва дурбинонаи сарвари давлати тоҷикон ба ҳисоб рафта, ба истифодаи сарфакоронаи об, таъмин намудани аҳолӣ бо оби нӯшокӣ  дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ равона гардидааст.

Дар раванди гуфтаҳои боло бояд қайд намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон Агентии Обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мониторинги пиряхҳо, кӯлҳо, дарёҳо ва кӯлҳои рахнашаванда ва ҳифзи муҳити зист корҳои назаррасро амалӣ намуда истодаанд, ки саҳми марказҳои тағйирёбии иқлим ва яхшиносии Агентӣ дар ин самт назаррас мебошад.

Дар чорабинии мазкур сардорони Раёсат, марказ ва шуъбаҳои Агентии обуҳавошиносӣ, инчунин Бахши обуҳавошиносии Кумита фаъолона иштирок намуданд. Чорабинии мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ намояндаи сафорати Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода эълон намуд. Инчунин муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ Абдуалимов К.Қ. оид ба мавзўи “Таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои Тоҷикистон” маърӯза намуд. Сипас муовини директори Агентӣ Абдуалимов К.Қ. қайд намуд, ки бо ташаббуси Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Д.Қ. дар охирҳои моҳи октябри соли равон аксияи “Ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “ баргузор мегардад ва ҷавононро даъват намуд, ки дар аксияи мазкур фаъолона ширкат варзанд.  

Гуфтан ба маврид аст, ки дар рӯзи ҷамъбасти аксия хонандагон дар мавзӯи “Тағйирёбии иқлим ” расмҳои худро пешкаш намуда, ғолибон соҳиби мукофотҳои пулӣ гардиданд.   

Ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеъа ба ҳисоб мераванд ва ҳадафи мо низ ба рушди ояндаи миллат равона шудааст. Бинобар ин, ҷавононро даъват менамоем, ки табиати кишварамонро дӯст доранд, онро муҳофизат намоянд ва барои наслҳои оянда ба мерос гузоранд.

Новости