Баргузории ҷаласаи ҷамъбасти нимсолаи аввал ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2022 дар Агентии обуҳавошиносии Кумити ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории ҷаласаи ҷамъбасти нимсолаи аввал ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2022 дар Агентии обуҳавошиносии Кумити ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 6 июли соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии нимсолаи аввали соли 2022 баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мавлодод А.М., инчунин сардорони тамоми раёсат, марказ ва шуъбаҳои Агентӣ иштирок доштанд.

Муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Байдуллоева Ҷ.А. бо сухани ифтитоҳӣ ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва иштирокчиёнро хайрамақдам намуда, ба кори ҷаласа бурдбориро таманно намуд.

Байдуллоева Ҷ.А. маърӯза намуда ҳисоботи Агентии обуҳавошиносиро дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2022 пешниҳоди ҳозирин намуданд. Дар маърӯза оид ба фаъолияти тамоми воҳидҳои сохторӣ  маълумот дода шуда, барду бохти соҳа давоми нимсола арзёбӣ гардид .

Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мавлодод А.М. дар баромади худ қайд намуданд, ки дар рафти тамоми пешравиҳо дар самти мазкур як қатор камбудиҳои соҳавӣ ҷой доранд, ки бартараф намудани онҳо зарур ва ҳатмист. Мавлодод А.М. ҷиҳати ҳалли камбдиҳои соҳавӣ ва рафъи онҳо ба роҳбарони зерсохторҳои Агентӣ маслиҳат ва тавсияҳои муфидро пешниҳод намуданд.

Дар рафти ҷаласа тамоми бурдбориҳо муаррифӣ гардида, қарори ҷаласа қабул шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои соҳа тамоми сохторҳо вазифадор гардиданд.

Новости