Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии Агентии обуҳавошиносӣ дар нимсолаи аввали соли 2020

Таърихи 8 июли соли ҷорӣ ҷаласаи ҷамъбастии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2020 баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод Абдулқодир Мавлодод, Сардори бахши обуҳавошиносии Кумита Қурбон Валӣ, Директори Агентӣ Дӯстзода Диловаршо Саидаҳмад ва роҳбарияти сохторҳои Агентӣ иштирок намуданд.

            Нахуст ҷаласаро Директори Агентӣ Дӯстзода Диловаршо Саидаҳмад ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам ва рӯзномаи ҷаласаро муаррифӣ намуда, ба кори ҷаласа бурдбориҳоро таманно намуд.

            Муовини директори Агентӣ Сафаров Маҳмад Табарович дар маърӯзаи худ бурду бохти фаъолияти кории сохторҳои Агентиро дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба самъи иштирокчиён расонида, сипас роҳбарони сохторҳои Агентӣ, аз ҷумла сардори Маркази обуҳавосанҷӣ - Байдуллоева Ҷ, сардори Маркази яхшиносӣ Раҳмонов Р, сардори Раёсати мониторинги муҳити зист Самиев С. ва иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати шабакаҳои давлатӣ Тағойбекова М.  оид ба рушди сохтор ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳавӣ маълумоти мушаххас ва рӯйнамоҳоро пешкаши иштирокчиёни ҷаласа намуданд.

Дар охири ҷаласа муовини Директори Агентӣ Абдуалимов К.Қ. қарори ҷаласаи нимсолаи аввали соли 2020-ро ироа намуд. Мавсуф сохторҳои Агентиро барои дар сатҳи баланд амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонун ва қарорҳои қабқулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгӯии вазъи обу ҳаво, офатҳои табиӣ ва ҳифзу беҳдошти муҳити зист роҳандозӣ намуд.

Новости