Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳмоҳаи соли 2021

Санаи 9 октябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Агентии обуҳавошиносӣ ҷаласаи ҷамъбастии нуҳмоҳаи соли 2021 баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мавлодод А.М, инчунин сардорони тамоми раёсат, марказ ва шуъбаҳои Агентӣ иштирок доштанд.

Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода А.Ҳ бо сухани ифтитоҳӣ ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва иштирокчиёнро хайрамақдам намуда, ба кори ҷаласа бурдбориҳо таманно намуд.

Сипас Муовини Директори Агентӣ Байдуллоева Ҷ.А. маърӯза намуда, ҳисоботи Агентии обуҳавошиносиро дар ҷамъбасти нуҳмоҳаи соли ҷорӣ пешниҳоди ҳозирин намуд. Дар маърӯза қайд гардид, ки Агентӣ фаъолияти худро тибқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, баҳри амалӣ гардидани онҳо пайваста  кӯшиш намуда, пешгӯии вазъи обу ҳаво ва офатҳои табиӣ, ҳифзу беҳдошти муҳити зистро ҳамоҳанг сохта, фаъолият намуда истодааст.

Дар рафти ҷаласа тамоми бурдборӣ ва норасоиҳои соҳавӣ муаррифӣ гардида, қарори ҷаласа бо назардошти таклифу пешниҳодоти муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мавлодод А.М, директори Агентӣ муҳтарам Қурбонзода А.Ҳ. қабул шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои соҳа тамоми сохторҳо вазифадор гардиданд.

Новости