Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2021

Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2021

Санаи 7 апрели соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносӣ ҷаласаи ҷамъбастии семоҳаи аввали соли 2021 баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур Муовини Раиси Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод А.М. ва сармутахассиси Бахши обуҳавошиносии Кумита Панҷшанбиева Ф, инчунин тамоми раёсат, марказ ва шуъбаҳои Агентӣ иштирок доштанд.

Директори Агентии обуҳавошиносӣ Дӯстзода Д.С. бо сухани ифтитоҳӣ ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида меҳмонон ва иштирокчиёнро хайрамақдам намуда, ба кори ҷаласа бурдбориро таманно намуд.

   

Сипас Муовини Директори Агентӣ Ҳамидов В.М. маърӯза намуда ҳисоботи Агентии обуҳавошиносиро дар ҷамъбасти семоҳаи аввали соли ҷорӣ пешниҳоди ҳозирин намуд. Дар маърӯза қайд гардид, ки Агентӣ фаъолияти худро тибқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, баҳри амалӣ гардидани онҳо пайваста  кӯшиш намуда, пешгӯии вазъи обу ҳаво ва офатҳои табиӣ, ҳифзу беҳдошти муҳити зистро ҳамоҳанг сохта, фаъолият намуда истодааст.

Дар рафти ҷаласа тамоми бурдбориҳо муаррифӣ гардида, қарори ҷаласа қабул шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои соҳа тамоми сохторҳо вазифадор гардиданд.

Новости