Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020

Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020

Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020

            Санаи 4 январи соли 2021 ҷаласаи ҷамъбастии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, сардори Бахши обуҳавосанҷии Кумита Қурбонов Валиҷон, сардорони марказҳои вилоятӣ, раёсат, марказ ва шуъбаҳои Агентӣ иштирок намуданд. Нахуст Директори Агентӣ Дӯстзода Диловаршо Саидаҳмад бо сухани ифтитоҳӣ меҳмонон ва коллективи меҳнатии Агентиро хайрамақдам намуда, муҳтавои ҷаласаи мазкурро муаррифӣ намуда, ба кори ҷаласа бурдбориро таманно намуд.

Сипас сухан ба Муовини Директори Агентӣ Ҳамидов В.М. дода шуд. Ҳомидов В.М. натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои амалкунандаи Агентиро дар соли 2020 муаррифӣ намуда, вазифаҳо ва камбудиҳои ҷойдоштаро дар самтҳои мухталиф баён намуд.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А. баромад намуда қайд намуданд, ки ҳалли масъалаҳои афзалияти соҳаи обуҳавошиносӣ ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, Агентӣ ҷиҳати рушди соҳа як қатор барномаҳои давлатӣ, стратегия ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки фаъолияти соҳаро ба таъмини ҳадафҳои стратегии соҳа – ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҷомеъа аз таъсири ҳодисаҳои табиӣ, дастраси истифодабарандагон гардонидани маълумоти обуҳавошиносӣ ва мониторинги ифлосшавии муҳити зист равона намуда истодааст.

Айни замон дар баробари пешравиҳои соҳавӣ дар Агентӣ камбудиҳо низ ба чашм мерасанд. Алалхусус дар самти дурустии пешгӯиҳо, сайқал додани пешгӯиҳои агрометеорологӣ, иҷроиши бандҳои “Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон  барои солҳои 2010 – 2030” ва дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар намудани таъминоти шабакаҳои давлатӣ вазифаҳои аввалиндараҷаи соҳа дар соли 2021 мебошанд.

Дар охири ҷаласа Муовини Директори Агентӣ Ҳамидов В.М қарори ҷаласаро ба самъи иштирокчиён расонида, вазифаҳои соҳавӣ барои иҷроиш дар соли 2021 ба масъулин супорида шуданд.

Новости