Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии семоҳаи аввали соли 2022

Санаи 8 апрели соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии семоҳаи аввали соли 2022 баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мавлодод А.М. инчунин тамоми раёсат, марказ ва шуъбаҳои Агентӣ иштирок доштанд.

Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода А.Ҳ. бо сухани ифтитоҳӣ ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва иштирокчиёнро хайрамақдам намуда, ба кори ҷаласа бурдбориро таманно намуд.

Сипас муовини директори Агентӣ муҳтарам Байдуллоева Ҷ.А. маърӯза намуда ҳисоботи Агентии обуҳавошиносиро дар ҷамъбасти семоҳаи аввали соли ҷорӣ пешниҳоди ҳозирин намуд. Дар маърӯза қайд гардид, ки Агентӣ фаъолияти худро тибқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, баҳри амалӣ гардидани онҳо пайваста  кӯшиш намуда, пешгӯии вазъи обу ҳаво ва офатҳои табиӣ, ҳифзу беҳдошти муҳити зистро ҳамоҳанг сохта, фаъолият намуда истодааст.

Дар баромади худ муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мавлодод А.М. масъулинро ҷиҳати чораҷӯиҳо дар самти барқарорсозии 7 адад дидбонгоҳҳои обсанҷӣ, кор дар самти омӯзиши пиряхҳо, алоқа бо ВАО, такмилдиҳии сомонаи расмӣ, инчунин таъмири ҷории шабакаҳои давлатӣ ва таъмини зимистонгузаронии солҳои 2022-2023 вазифагузорӣ намуданд.

Дар рафти ҷаласа тамоми бурдбориҳо муаррифӣ гардида, қарори ҷаласа қабул шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои соҳа тамоми сохторҳо вазифадор гардиданд.

Новости