Баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи 8 март - Иди байналмилалии занон

Санаи  5 марти соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба ҷашни Иди байналмилалии занон баргузор гардид. Нахуст Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло баромад намуда, тамоми коллективи занони Агентӣ ва ҳамчунин тамоми модарони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо муносибати Иди байналмилалии занон табрику таҳният намуданд.

Сипас сардори шуъбаи обуҳавошиносӣ - Қудратов Х.С. ва сардори Раёсати шабакаҳои давлатӣ Самиев С. бо сухани табрикотӣ баромад намуда, тамоми занон-модарони кишварро табрик намуданд.

Дар охири ҷамъомад аз тарафи Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода А.Ҳ. тамоми занони Агентӣ барои хизматҳои шоён дар самти ҳифзи муҳити зист ва обуҳавошиносӣ бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Новости