Баргузории даври дуюми семинари омӯзишӣ оид ба такмили ихтисоси мутахассисони шабакаҳои давлатии обуҳавошиносии вилояти Хатлон

Бо мақсади такмил додани маҳорати касбии кормандони шабакаҳои обуҳавосанҷӣ дар Агентии обуҳавошиносӣ семинари омӯзишӣ бо иштироки сардорони стансияҳои ҳавошиносии вилояти Хатлон доир гардид.

Санаи 12-14 августи соли 2020 даври дуюми семинари омӯзишӣ бо иштироки сардорони стансияҳои обуҳавосанҷии вилояти Хатлон доир гардид. Семинари омӯзишии мазкур аз ҷониби «Лоиҳаи идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ» ва лоиҳаи “Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ, ҷузъи С”  маблағгузорӣ шуда, дар он роҳбарони 13 истгоҳҳои ҳавошиносӣ, 1 муҳандис-обшинос ва 1 муҳандиси соҳаи алоқа ширкат варзиданд. 

Гуфтан ба маврид аст, ки барномаи семинар аз мавзӯъҳои хоси мутаалиқ ба фаъолияти обуҳавошиносиро дар бар гирифта, дар он маърӯза ва рӯйнамоҳо аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ, сардорони марказ, раёсат ва шӯъбаҳои Агентии обуҳавошиносӣ қироат гардида, усулҳои нави корӣ ва роҳҳои тақвият бахшидан ба фаъолияти обуҳавошиносӣ ба иштироккунандагон омӯзонида шуд. Дар рафти семинари доиргардида вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта дар самтҳои фаъолияти корӣ, омилҳои таъсиррасонандаи манфӣ ба раванди корӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, баҳри беҳбудии фаъолият дар шабакаҳои давлатӣ ба иштирокчиён донишҳои назариявӣ ва амалӣ омӯзонида шуд.

Новости