Баргузории Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Ташаккулёбии захираҳои обӣ дар шароити тағйирёбии иқлим”

Таърихи 3 июни соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Ташаккулёбии захираҳои обӣ дар шароити тағйирёбии иқлим” баргузор гардид. Дар конфронси мазкур намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, донишгоҳу донишкада, ташкилотҳо ва Васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Конфронсро директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода А.Ҳ. бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиён ва меҳмононро хайрамақдам намуд. Дар баромади худ Қурбонзода А.Ҳ. аз ҷумла чунин қайд намуданд:-Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд дар доираи “Раванди оби Душанбе” дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои шарик баргузор мегардад, ки дар он масъалаҳои мубрами вобастагии захираҳои об ва иқлим мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Конфронси мазкур заминаи меҳварӣ барои баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об дар шаҳри Ню-Йорк, соли 2023 маҳсуб мегардад, ки ҳамраисии онро Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шоҳигарии Нидерландия ба ӯҳда доранд.”

Дар рафти конфронс оид ба мавзӯъҳои “Натиҷаҳои татбиқи Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030”, “Мушоҳидаҳои аэровизуалӣ ва пешгӯии обнокии дарёҳои Тоҷикистон дар соли 2022”, “Усулҳои пешгӯии дарозмуддати маҷрои дарё дар Тоҷикистон” ва ғайраҳо баромадҳо шунида шуда, байни иштирокчиён мулоҳизарониҳо роҳандозӣ гардид.

Новости