Баргузории курси омӯзишӣ дар самти идоракунӣ

Баргузории курси омӯзишӣ дар самти идоракунӣ

Дар доираи Нақшаи амалҳои гендерии Лоиҳаи идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ (Маблағгузории иловагӣ), барои шохиси 1.8. "Гузаронидани тренингҳои маъмурӣ ва идоракунӣ барои кормандони стаҳи баланд ва миёнаи Агентии обуҳавошиносӣ" 25 нафар занони соҳибихтисоси Агентӣ оид ба маъмурият ва идоракунӣ омӯзонида мешаванд.

Барои амалӣ намудани ин нишондиҳанда 3 гурӯҳ ташкил ва омӯзиш гузаронида шуд, ки ҳар гурӯҳ аз 10 нафар иборат аст. Рӯйхати ниҳоии гурӯҳи мақсадноки иборат аз 25 нафар барои омӯзиш аз ҷониби роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ муайян ва тасдиқ карда шуда, дар доираи барномаи таҳияшудаи курси омӯзишӣ гузаронида шуд. Ҳадафи асосии омӯзишҳо таъмини баробарии гендерӣ дар соҳаи маориф дар самти омӯзиш ва фароҳам овардани имкониятҳои нави даромад ва таҳкими захираҳои инсонии Агентии обуҳавошиносӣ мебошад.

Омӯзиш аз ҷониби мураббии баландихтисос рӯзҳои 1,8 ва 22 октябри 2021 дар бахшҳои минбаъдаи "Идоракунӣ (менеҷмент)  ва маркетинг", "Этикаи корӣ ва маъмурият" ва "Банақшагирии соҳибкорӣ" гузаронида шуд.

Новости