Баргузории маҷлиси навбатии Агентии обуҳавошиносӣ оид ба иҷрои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Санаи 7 майи соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва тамоми сохторҳои Агентӣ маҷлиси навбатӣ оид ба иҷроиши бандҳои нақша чорабиниҳои Агентӣ оид ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз 26 январи соли 2021 баргузор гардид.

Нахуст Директори Агентӣ - Дӯстзода Д.С. баромад намуда қайд намуданд, ки Паём ҳуҷҷати сарнавиштзози миллат ба шумор меравад. Ҷиҳати иҷроиши бандҳои нақша-чорабиниҳо оид ба Паём дар Агентӣ тамоми сохторҳо масъул буда, иҷроиши саривақтӣ ва босифати он вазифаи ҳар яки мост.

Аз аввали соли ҷорӣ барои амалӣ гардидани банди 3-и нақшаи мазкур тавассути васоити ахбори омма мутахассисони Агентӣ баромад намуда, чандин мақолаҳо ва маълумот дар самти ҳифзи муҳити зист ва обуҳавошиносӣ пешкаши аҳолии ҷумҳурӣ карда шуданд

Сипас муовини Директори Агентӣ- Шерализода Н.Ш. баромад намуда, қайд намуданд, ки яке аз масъалаҳои мубрами рӯз барои кишвари мо ин шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористӣ – экстремистӣ мебошад, ки яке аз бандҳои нақшаи мазкур аст. Мо хизматчиёни давлатиро лозим аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои гулгулшукуфоии ватани азизамон аз як гиребон сар бароварда софдилона меҳнат намоем ва барои мубориза бар зидди чунин амалҳои нангин дастаҷамъона амал намоем.

Ҳуқуқшинос – Миршамсов О. баромад намуда, қайд намуданд, ки айни замон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” амал мекунад, ки дар асоси он ҷазо барои содир намудани чунин амалҳо муайян гардидааст.Таҳлилҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлатҳои Шому Ироқ ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо шомил шудаанд, бештарашонро ҷавонону наврасон (87%) ташкил медиҳанд.    

Дар охири маҷлис Директори Агентии обуҳавошиносӣ - Дӯстзода Д.С. коллективи меҳнатиро бо фарорасии Иди ғалаба табрик намуда, ба мардуми шарафманди Тоҷикистон тансиҳатӣ ва рӯзгори осударо таманно намуд.

Новости