Баргузории ҷаласаи солонаи Агентии обуҳавошиносии Кумити ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъбасти соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи аввали соли 2022

Санаи 28 декабри соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии соли 2021 баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Б.А, инчунин сардорони тамоми раёсат, марказ ва шуъбаҳои Агентӣ иштирок доштанд.

Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода А.Ҳ. бо сухани ифтитоҳӣ ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёнро хайрамақдам намуда, ба кори ҷаласа бурдбориро таманно намуд.

Сипас Директори Агентӣ Қурбонзода А.Ҳ. маърӯза намуда ҳисоботи Агентии обуҳавошиносиро дар ҷамъбасти соли 2021 пешниҳоди ҳозирин намуданд. Дар маърӯза қайд гардид, ки Агентӣ фаъолияти худро тибқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, баҳри амалӣ гардидани онҳо пайваста  кӯшиш намуда, пешгӯии вазъи обу ҳаво ва офатҳои табиӣ, ҳифзу беҳдошти муҳити зистро ҳамоҳанг сохта, фаъолият намуда истодааст.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Б.А. дар баромади худ қайд намуданд, ки дар рафти тамоми пешравиҳо дар самти мазкур як қатор камбудиҳои соҳавӣ ҷой доранд, ки бартараф намудани онҳо зарур ва ҳатмист. Шерализода Б.А. ҷиҳати ҳалли камбдиҳои соҳавӣ ва рафъи онҳо ба роҳбарни зерсохторҳои Агентӣ маслиҳат ва тавсияҳои муфидро пешниҳод намуданд.

Дар рафти ҷаласа тамоми бурдбориҳо муаррифӣ гардида, қарори ҷаласа қабул шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои соҳа тамоми сохторҳо вазифадор гардиданд.

Новости