Баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «Усулҳои муосири муаррифии маълумоти обуҳавошиносӣ тариқи Васоити Ахбори Омма»

Баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «Усулҳои муосири муаррифии маълумоти обуҳавошиносӣ тариқи Васоити Ахбори Омма»

 

                Санаи 18 декабри соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма мизи мудаввар дар мавзӯи «Усулҳои муосири муаррифии маълумоти обуҳавошиносӣ тариқи Васоити Ахбори Омма» баргузор гардид. Дар баргузории мизи мудаввар намояндагони ВАО, аз ҷумла, Радиои Тоҷикистон, Радиои Азия плюс, Радиои Ховар, телевизиони Ҷаҳоннамо ва ғайраҳо иштирок намуданд.

Мизи мудавварро бо сухани ифтитоҳӣ намояндаи Лоиҳаи “Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ” Музаффаров М кушода, меҳмононро хайрамақдам намуд. Сипас Директори Агентии обуҳавошиносӣ Дӯстзода Д.С. баромад намуда, қайд намуданд, ки маълумотҳои обу ҳаво ва тарзи пешниҳоди онҳо тавассути ВАО яке аз масъалаҳоест, ки ҳалли он зарур ва боиси дастгирист. Аҳолии кишвар пешгӯиҳои обу ҳаворо ҳамарӯза тавассути радио ва телевизион дастрасӣ доранд, лекин дараҷаи фаҳмо будани он аз рафти пешниҳоди маълумот вобастагии калон дорад.  Мақсади асосии гузаронидани чунин ҷамъомад муайян намудани роҳҳои дурусти ба истифодабарандагон расонидани маълумотҳои обуҳавошиносӣ, аз қабили пешгӯиҳои обу ҳаво, пешгӯиҳои мавсимӣ ва огоҳиҳо оид ба сар задани ҳодиссаҳои номатлуби табиӣ дар қаламрави кишвар арзёбӣ мегардад. 

Сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентӣ Байдуллоева Ҷ. ва муовини сардори Марказ Саидҷамолова П. баромад намуда, ба воситаи рӯномамоҳо тарзи омода намудани пешгӯӣҳо ва ба истифодабарандагон расонидани маълумоти соҳаи обуҳавошиносӣ маълумот доданд. Дар рафти мизи мудаввар байни роҳбарият, мутахассисони Агентӣ ва намояндагони васоити ахбори омма саволу ҷавоб оид ба муаррифии маълумотҳои Агентии обуҳавошиносӣ роҳандозӣ гардида, роҳҳои дурусти расонидани маълумот арзёбӣ гардиданд.

Новости