Баргузории семинар дар мавзӯи "Пешгӯии партовҳои газҳои гармхонавӣ ва баррасии чораҳои коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Дар семинари мазкур аъзоёни гурӯҳи корӣ намояндагон аз Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати нақлиёт, Кумитаи ҳифзи муҳити зист (КҲМЗ), Агентии обуҳавошиносӣ, Агентии омор, Агентии хоҷагии ҷангал , Агентии мелиоратсия ва обёрӣ, КВД "Хочагии манзилию коммуналӣ", Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва қабати озони Агентии обуҳавошиносӣ ва коршиносони лоиҳа иштирок намуданд.

Семинарро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ М.Т.Сафаров ҳусни оғоз бахшид. Дар баромади худ ӯ осебпазирии Тоҷикистонро дар масъалаи тағирёбии иқлим қайд намуда, аҳамияти ин семинарро барои кишвар оид ба роҳҳои коҳиш додани партови газҳои гармхонавӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим қайд кард. Сипас сухан ба намояндаи Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Наргизахон Усмонова дода шуд. Номбурда  аҳамияти ин семинарро барои омодасозии минбаъдаи саҳми миллӣ муайяншуда ва иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии кишварро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намуд. Пас аз он сухан ба намояндаи ташкилоти  “GIZ” Розия Киргизбекова дода шуд. Вай қайд кард, ки ташкилоти "GIZ" тасмим гирифтааст, ки барои коҳиш додани таъсири тағирёбии иқлим дар соҳаи кишоварзӣ тадбирҳо андешад ва табодули иттилоот дар ин самт муфид хоҳад буд.

Мутахассиси ширкати “GAUSS International Consulting Firm” Хуан Ортега рӯнамои лоиҳаро пешниҳод намуда, дар бораи мақсад, натиҷаҳо, мӯҳлатҳо, оқибатҳои лоиҳа дар Тоҷикистон сухан гуфт.

Баъд аз он намояндаи Агентии обуҳавошиносӣ Шодмонов М., бо ҳисобот дар бораи вазъи кунунӣ дар Тоҷикистон, алалхусус оид ба созишномаҳои байналмилалӣ, пешрафтҳо дар самти пастгардонии партовҳои газҳои гулхонавӣ баромад намуд.

Мутахассиси ширкати “GAUSS International Consulting Firm” Хуан Ортега бо маърӯзаи "Заминаҳои лоиҳа - потенсиали пастгардонӣ, амалҳои кам кардани таъсир, ҳадафҳо ва вазифаҳои коҳишдиҳӣ". Сенарияи пастгардонӣ »  баромад намуд.

Баъд иштирокчиён ба 2 гурӯҳ муттаҳид карда шуда, гурӯҳи якум дар соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва истифодаи замин ва гурӯҳи дуюм - намояндагони вазоратҳои энергетика, нақлиёт, саноат ва мутахассисони оид ба партовҳои газҳои гулхонавӣ. Иштирокчиён бояд дар самти саволи худ кор мекарданд ва савол чунин буд - Дар кадом муассисае, ки шумо кору фаъолият менамоед,, кадом чораҳои коҳишдиҳӣ ҳоло дар амал татбиқ карда мешаванд ва ё ба нақша гирифта шудаанд?

Баъди иҷрои ин вазифа иштирокчиёни семинар бояд ба саволи дигар ҷавоб медоданд ва савол чунин буд: - Кадом амалҳои кам кардани таъсирро дар сенарияҳои миллии партовҳои газҳои гармхонавӣ бояд ба назар гирифт?

Иштирокчиёни семинар дар ду гурӯҳ рӯнамоҳои худро омода намуда, онҳоро пешниҳоди ҳозирин намуда, мубодилаи хуби афкор сурат гирифт, посухҳо ба саволҳои гурӯҳҳои дигар дода шуданд.

Дар давоми семинар мубодилаи муфид оид ба иттилоот баргузор гардид. Иштирокчиёни семинар бисёр чизҳоро омӯхта, барои худ маълумоти муфидро қайд намуданд.

Дар фарҷоми семинар мубоҳисаҳо ва мубодилаи афкор баргузор гардида, дар охир мутахассиси ширкати “GAUSS International Consulting Firm” Хуан Ортега ва ташкилкунандагони семинар ба ҳозирин барои иштироки фаъолашон изҳори сипос намуданд.

Новости