Баргузории семинар оид ба "Такмилёбии абрҳо"

 

Солҳои охир баргузории семинарҳо ва тренингҳо дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як анъанаи маъмулӣ гардидааст. Дар ҳамин раванд санаи 15-16 июли соли ҷорӣ  семинар баргузор гардид, ки он дар мавзӯи  "Такмилёбии абрҳо" баҳс менамуд. Омӯзиши малакаҳои ҳавосанҷӣ барои мутахассисони ҷавон ва такмили ихтисоси мутахассисони варзида ҳадафҳои асосии семинар мебошад. Дар семинари барпошуда муовини Директори Агентӣ ва мутахассисони соҳавӣ, аз ҷумла  Маркази обуҳавосанҷӣ, Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва қабати озон ва Маркази яхшиносӣ фаъолона иштирок намуданд.

Иштирокчиён  бо хусусиятҳои муайянкунандаи абрҳо ва фарқи байни онҳо шинос шуданд.

Бояд қайд кард, ки баргузории чунин семинарҳо барои баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон тавассути ба даст овардани малакаҳои амалӣ саҳм гузошта,  дар навбати худ ба рушди минбаъдаи фаъолияти  касбӣ мусоидат хоҳад кард.

Новости