Баргузории семинар оид ба такмили ихтисоси мутахассисони шабакаҳои давлатии обуҳавосанҷии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Соҳаи обуҳавошиносӣ яке аз самтҳои стратегии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар рушди иқтисодию иҷтимоии он мавқеи махсус дорад. Пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ, аз ҷумла пешгӯии обу ҳаво, зироатҳои кишоварзӣ, обнокии дарёҳо, омўзиши ҳолати пиряху кӯлҳои рахнашаванда, мониторинги ҳолати муҳити зист ва тағйирёбии иқлим  ба зиммаи Агентии обуҳавошиносӣ вогузор карда шудааст.

Мақсади такмили ихтисос ва баланд бардоштани савияи дониши кормандони шабакаҳои давлатӣ дар самти сифати мушоҳидаҳои ҳавошиносӣ, агрометеорологӣ, обшиносӣ ва  иқлим, ҷамъоварӣ,  таҳлил ва коркарди маълумотҳо, ҳолати системаи коммуникатсия ва алоқа, нигоҳдории таҷҳизотҳои обуҳавосанҷӣ, фаъолияти стансияҳои худкор,  инчунин гузаронидани мониторинги муҳити зист, захираҳои барф ва ҳолати пиряхҳо ва кӯлҳо арзёбӣ мегардад.

Рӯзҳои 5-7 августи соли ҷорӣ дар доираи нақша-чорабиниҳои Агентӣ барои соли 2020 семинар оид ба такмили ихтисоси мутахассисони шабакаҳои давлатии обуҳавосанҷии ВМКБ баргузор гардид. Дар семинари мазкур сардорони шабакаҳои обуҳавосанҷии ВМКБ иштирок намуда, дар доираи мавзӯъҳои соҳавӣ ба мақсад ва вазифаҳои Лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ» (маблағгузории иловагӣ) ва лоиҳаи “Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ, Ҷузъи С” шинос гардиданд. Дар ин раванд ба  иштирокчиёни семинар аз тарафи мутахассисони Агентӣ дар мавзӯъҳои дастрасии маълумотҳои обуҳавосанҷӣ, усулҳои пешгӯиҳои зуҳуротҳои номатлуби табиӣ, сифати маълумотҳои обсанҷӣ, риояи талаботҳои санадҳои меъёрӣ барои гузаронидани мушоҳидаҳои обсанҷӣ, истифодаи имкониятҳои барномавии “Река-Режим”, “Персона  Мис”, риояи талаботҳои “Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, риояи Қонунуи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва расму оинҳои миллӣ, тарзи коргузорӣ дар шабакаҳои давлатӣ ва ғайраҳо маълумотҳои муфид пешниҳод гардонида шуд.

Новости