Баргузории семинари маҷозӣ дар самти таъсиси “Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”

Санаи 14 апрели соли 2022 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари маҷозӣ оид ба таъсис намудани  “Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар якҷоягӣ бо мушовири байналмилалӣ Ҷон Маклин баргузор гардид.

Дар семинари мазкур директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода А.Ҳ, муовини директор Шерализода Н.Ш., ва мутахассисони соҳавии Агентӣ иштирок намуданд.

Мақсади асосии семинари мазкур ҳалли масъалаҳои марбут ба  “Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” арзёбӣ гардид, ки ин ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар рафти он байни иштирокчиён баҳсу мунозираҳо баргузор шуда, истифодаи таҷрибаи фондҳо ва лоиҳаҳои давлатҳои минтақа тавсия дода шуд. Ҳамзамон дар ин самти муҳим мушовири миллии “Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” сардори шуъбаи байналмилалии Агентии обуҳавошиносӣ Рӯзиев К., интихоб гардида, барои дастрасии маълумоти зарурӣ оид ба фонд вазифадор карда шуд.

Аз тарафи мутахассисони Агентӣ муҳимии фонди мазкур на танҳо барои кишвари мо, балки ба тамоми минтақа зарур будани он муаррифӣ гардида, аз тарафи мутахассисон таклиф гардид, ки дар ин самт омӯзиши таҷрибаи давлатҳои минтақа боиси дастгирист.

Дар охири семинари мазкур директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода А.Ҳ. ба мушовири байналмилалӣ Ҷон Маклин барои баргузории вохӯрии аввал миннтадорӣ намуда, таклиф намуданд, ки чунин намуди вохӯриҳо ҳарчи зудтар ташкил карда шаванд.

 

 

Новости