Баргузории семинари машаваратӣ: “Натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ” (Маблғгузории иловагӣ) дар соли 2020

Баргузории семинари машаваратӣ:

“Натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ” (Маблғгузории иловагӣ) дар соли 2020 

Таърихи 26 феврали соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари машваратӣ дар мавзӯи “Натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ” (Маблғгузории иловагӣ) дар соли 2020 баргузор гардид. Дар семинари мазкур намояндагони вазорат, кумита ва дигар ташкилоту идораҳои кишвар иштирок намуданд. Мақсади асосии семинар арзёбии фаъолияти лоиҳаи Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ” (Маблғгузории иловагӣ) дар соли 2020 муҳокима ва нақшаҳо барои соли 2021 роҳандозӣ гардид.

 

 

 

 

Нахуст Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Дӯстзода Д.С. бо сухани ифтитоҳи семинарро ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам намуд. Мавсуф қайд намуданд, ки имрӯзҳо дар раванди шиддатёбии тағйирёбии иқлими сайёра татбиқи лоиҳаҳо сохторӣ зарур ва боиси дастгирист. Татбиқи лоиҳаи Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ” дар самти ҳавошиносӣ, обшиносӣ, агрометеорологӣ ва тағйирёбии иқлим саҳми худро дошта, барои дар сатҳи баланд амалӣ намудани чорабиниҳо дар самти ҳифзи муҳити зист нақши муайянро дорад.

Сипас А.Ҳомидов-муовини роҳбари ширкати мушовирии FCG дар бораи фаъолияти ширкати байналмилалии  FCG дар соли 2020 ахборот дод.

 

 

 

 

 

Профессори Институти масъалаҳои об, энергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозилов А.Р. пешниҳод намуданд, ки амсилаҳои гидрологӣ ва гидравликӣ мувофиқи имкониятҳо дар ҳавзаи дарёи Панҷ ва шохобҳои дигари он ҷорӣ карда шаванд.

Мутахассиси монитинг ва баҳодиҳии лоиҳа - Музаффаров М ва мутахассис оид ба масъалаҳои гендерӣ ва рушди иҷтимоӣ- Л.Ядгарова дар оиди самти фаъолияти лоиҳа баромад намуда, байни иштирокчиён ва намояндагони   лоиҳаи Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ”, (Маблғгузории иловагӣ) музокира баргузор шуд.

 

 

 

 

Новости