Баргузории вохӯрии ибтидоии мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ бо намояндагони «Лоиҳаи миллии идоракунии офатҳои табиӣ»-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 21 ноябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони  «Лоиҳаи миллии идоракунии  офатҳои табиӣ»-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид. Роҳбари гурӯҳи кории мазкур Ян Вайлдерспин ва мушовирон Рустам Нугманов - муовини роҳбари гурӯҳи корӣ, намояндагони маркази омӯзишии Осиё оид ба омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда доктор Ҷанг Пинг Ян ба аҳли иштирокчиён оид ба татбиқи Лоиҳаи мазкур, мақсад ва вазифаҳои он, инчунин барои ҳамкориҳои минбаъда баромад намуданд. Дар вохӯрии мазкур оиди ҳамкориҳои судманд дар самти паст кардани хавфи оқибатҳои офатҳои табиӣ дар доираи ташкил намудани тренингҳо, курсҳои омӯзишӣ ва семинарҳо ба нақша гирифта шуд.

Новости