Бунёди стансияҳои агрометеорологӣ - заминаи рушди соҳаи кишоварзӣ

Бунёди стансияҳои агрометеорологӣ - заминаи рушди соҳаи кишоварзӣ

Дар доираи ҳамкориҳои судманди соҳавӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FAO) дар Тоҷикистон оид ба рафти тадбиқи лоиҳаи “Тақвият додани муассисаҳо ва иқтидори Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти назорати давлатии байторӣ ҷиҳати таҳия намудани сиёсат” се (3) адад стансияҳои хурди худкори агрометеорологӣ харидорӣ ва насб гардиданд. Ин стансияҳои насбгардида ҳар яке хусусиятҳои хоси худро дошта, барои мушоҳидаи зироатҳои гуногун насб гардидаанд. Масалан, яке аз ин стансияҳо дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои муайян намудани нашъунамои ҳолати пахта, дуюминаш бошад, дар ноҳияи Конибодом барои муайян намудани ҳолати нашъунамои дарахтони зардолу ва сеюминаш дар шаҳри Турсунзода барои муаян намудани нашъунамо ва ҳолати ангурзор насб гардиданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки стансия мазкур ба таври худкор фаъолият намуда, маълумотҳоро ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумути Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ҳар даҳ (10) дақиқа ба воситаи алоқаи мобилӣ равона менамояд.

 

Стансияи мазкур чунин параметрҳоро муайян менамояд:

 

1. Намнокии ҳаво;
2. Ҳарорати ҳаво (ҳарорати миёна, пасттарин ва баландтарини ҳаво);
3. Фишори атмосферӣ;
4. Намнокии хок дар чуқурии 30 см;
5. Намнокии хок дар чуқурии 60 см;
6. Ҳарорати хок дар чуқурии 5см;
7. Ҳарорати хок дар чуқурии 10см;
8. Ҳарорати хок дар чуқурии 20см;
9. Намнокии барг;
10. Давомнокии нўрпошии офтоб;
11. Миқдори боришоти атмосферӣ:
12. Суръати шамол дар баландии 2м;
13. Самти шамол дар баландии 2м.

 

Новости