Вохӯрии намояндагони Барномаи Рушди Созмони Милали Мутаҳид (БРМС) бо Директори Агентии Обуҳавошиносӣ.

Вохӯрии намояндагони Барномаи Рушди Созмони Милали Мутаҳид (БРМС) бо Директори Агентии Обуҳавошиносӣ.

Дар Агентии обуҳавошиносӣ 28 майи соли 2019 вохурии намояндагони Барномаи Рушди Созмони Милали Мутаҳид (БРМС) бо Директори Агентии Обуҳавошиносӣ  баргузор гардид. Мақсади асосии вохурии мазкур ин арзёбии натиҷаи фаъолияти БРСММ дар Тоҷикистон дар давоми солҳои 2016-2020 буд. Дар рафти вохурӣ бо Лилит Меликян  - Мушовири мустақил оид ба арзебии барномаҳо дар соҳаи энергетика ва муҳити зист, инчунин тағйирёбии иқлим ва паст кардани хавфи офатҳои табиӣ масъалаҳои зерин муҳокима гардиданд:

- Ҳамкории бисёрсолаи БРСММ бо Агентии обуҳавошиносӣ ҳамчун яке аз шарикони муҳимтарине, ки БРСММ дар соҳаи муҳити зист, устувории экологӣ ва тағйирёбии иқлим бо он ҳамкорӣ менамояд

- Нақши БРСММ ҳамчун шарики ичроияи Агентии обуҳавошиносӣ дар таҳияи Паёмҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

- нақшаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаҳои оянда дар асоси таклифҳое, ки Агентӣ метавонад барои баррасӣ ба БРСММ пешниҳод намояд.

Новости