Дастовардҳои варзишии Агентии обуҳавошиносӣ

Дастовардҳои варзишии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, устувор намудани робитаҳои дӯстӣ байни ҷавонону наврасон, варзишгарону кормандони касбу кори гуногуни корхонаю идораҳои кишвар силсиламусобиқаҳои футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ-2020» дар се синну сол ба роҳ монда шуд. Мусобиқаҳои мазкур аз 30-юми январ соли ҷорӣ оғоз ёфта, санаи 5-уми март ҷамъбаст гардиданд, ки дар он Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуд.

Ин мусобиқаҳо дар доираи мусобиқаи кушоди (спартакиадаи) Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудани солҳои 2019-2021, таҳти шиори «Ободии Ватан – мароми мо!» дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи кишвар роҳандозӣ гардида, дар он дастаҳои варзишии беш аз 50 корхонаю идораҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ фаъолона ширкат варзиданд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки дар ин мусобиқа дастаи Агентии обуҳавошиносӣ дар байни дастаҳои собиқадорони аз 55 сола боло иштирок намуда, барои ба даст овардани ҷом кӯшиш ба харҷ дода, соҳиби ҷойи дуюм гардид.

Ғолибони мусобиқаҳо бо Ҷому диплом, медалу ифтихорономаҳо ва бозингарони беҳтарин бо тӯҳафҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.

Мукофотҳоро ба ғолибону ҷоизадорон мушовири Вазири корҳои дохилӣ оид ба омодагии ҳарбӣ ва варзишӣ Ориф Ҷӯраев, Раиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе Анвар Мирзоев, муовини аввали Раиси Шўрои ҷамъиятии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Шоҳиён ва дигар шахсони расмӣ дар фазои тантанавӣ супориданд.

Новости