Даври ҷамъбастии семинари такмили ихтисоси мутахассисони шабакаҳои давлатии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд

Даври ҷамъбастии семинари такмили ихтисоси мутахассисони шабакаҳои давлатии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд 

          Таърихи 19 то 21 августи соли 2020 бо мақсади такмили ихтисоси мутахассисони шабакаҳои давлатии обуҳавосанҷии НТҶ ва вилояти Суғд дар Агентии обуҳавошиносӣ даври ҷамъбастии семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Семинари омӯзишии мазкур аз ҷониби «Лоиҳаи идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ» ва лоиҳаи “Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ, ҷузъи С”  маблағгузорӣ шуд. 

Дар оғози рӯзи аввали семинар Директори Агентии обуҳавошиносӣ Дӯстзода Д. С. баромад намуда, қайд намуд, ки хадамоти обуҳавосанҷӣ яке аз самтҳои стратегии ҷумҳурӣ буда, дар рушди иқтисодиву иҷтимоии он мавқеи махсусро ишғол менамояд. Дар навбати худ Агентии обуҳавошиносӣ барои татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ, аз ҷумла пешгӯии обу ҳаво, сатҳи оби дарёҳо, омӯзиши ҳолати пиряхҳо ва кӯлҳо, мониторинги муҳити зист ва тағирёбии иқлим масъул аст. Дар ин робита, Агентӣ омӯзиш ва баланд бардоштани сатҳи дониши кормандони шабакаҳои давлатиро дар самти мушоҳидаҳои ҳавошиносӣ, агрометеорологӣ, обшиносӣ ва иқлимӣ, ҷамъоварӣ, таҳлил ва коркарди маълумот, вазъи системаҳои алоқа, нигоҳдории таҷҳизоти ҳавошиносӣ, кори дидбонгоҳҳои назоратӣ ва мониторинги захираҳои барф, вазъи пиряхҳо ва кӯлҳо анҷом медиҳад.

Дар ин чорабинии соҳавии муҳим роҳбарони 14 дидбонгоҳҳои  ҳавошиносӣ аз вилояти Суғд ва 16 нафар аз Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) ширкат варзиданд, ки бо мақсад ва вазифаҳои семинар шинос шуданд. Дар навбати худ, иштирокчиёни семинар аз ҷониби мутахассисони Агентӣ оид ба дастрасии маълумоти ҳавошиносӣ, усулҳои пешгӯӣ кардани зуҳуроти номусоиди табиӣ, сифати маълумоти обшиносӣ, мувофиқат ба талаботҳои меъёрӣ оид ба мушоҳидаҳои обшиносӣ, истифодаи барномаи таъминкунӣ «Река-режим» (Реҷаи дарё) ва «Персонаи Мис» омӯзонида шуданд. Ҳамзамон, истифодаи амалии таҷҳизотҳои “Испарометр (Бухорсанҷ)” ва “Влагометр (Таҷҳизоти намсанҷӣ)” ва дигар таҷҳизотҳои соҳавӣ омӯзонида шуд. Зимни семинар вазифаҳои мушаххас оид ба такмили минбаъдаи кор дар шабакаҳои обуҳавосанҷӣ муайян карда шуданд. Инчунин, оид ба талаботҳои "Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон", тартиби кор дар шабакаҳои давлатӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар самтҳои коргузории соҳавӣ маълумоти муфид дода шуд.

Новости