Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷроиш ва татбиқи “Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон  барои солҳои 2010-2030” корро ҷоннок намуда, барои расидан ба натиҷаҳои дилхоҳ тамоми чораҳоро ба роҳ мондааст.

Қайд намудан ба маврид аст, ки тибқи банди 5.2-и “Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон  барои солҳои 2010-2030” аз тарафи мутахассисони Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ санаи 15 то 26 октябри соли ҷорӣ дар пиряхи Рама корҳои экспедитсионӣ гузаронида шуд. Дар экспедитсияи мазкур мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ Раҳмонов Р.- сардори Маркази яхшиносӣ, Пиров А.- сардори шӯъбаи яхшиносӣ ва барфу тармасанҷӣ, Назирзода К.-сармутахассиси шӯъбаи гидрографӣ ва экспедитсионӣ ва Малаев Қ.-Сардори шабакаи Деҳавзи Мастчоҳи Кӯҳӣ иштирок намуданд.

Раванди корҳои тадқиқотӣ нишон доданд, ки пирях дар ҳолати баланди таназзулӣ қарор дорад. Аз рӯи маълумотҳои ҷамъоварда  маълум гардид, ки дар давраи аз соли 1988 то 2019 аз рӯи ҳисобҳои миёна забонаи пирях 2,62км қафо рафтааст, ки ба 85метр дар як сол баробар аст.

Қисми чапи соҳилии забонаи пирях, ки назар ба қисми рости он 510метр поён омада буд, пурра об шудааст. Айни замон забонаи пиряхи Рама  шакли классикиро гирифта, дар дохили дара, дар масофаи 2,62км дур аз Репери 3 ҷой гирифтааст.

Забонаи пиряхи Преображенский – шохаи рости пиряхи Рама аз он ҷудо шуда 150 – 180метр қафо нишастааст ва ҳамчун пиряхи мустақил ҳисобида мешавад. Танҳо дар қисмати чапи пиряхи  Преображенский шохаи яхине мавҷуд аст, ки ҳарду пиряхҳоро пайваст мекунад. Дарозии девора 180метр буда, бараш ба 70 – 90 метр мерасад.

Майдони яхи обшудаи забонаи пиряхи Рама аз рӯи мушоҳидаҳои соли 1988 тақрибан 7,14 ҳазор м2-ро ташкил мекард. Майдони яхи обшудаи забонаи пиряхи Рама дар соли 2019, инчунин мушоҳидаи визуалии соли 2009-ро ба назар гирифта, аз рӯи ҳисобот ба 409ҳазор м2 расидааст. Аз рӯи малумотҳои техникӣ ҳаҷми яхи обшуда дар давраи 1988 то 2019 ба 8,18ҳазор м3 баробар аст. Ҳангоми ҳисобкунии массаи яхи обшуда аз рӯи ҳисоби миёна ҳаҷми яхҳо 20м дар ҳудуди майдон ҳисоб карда мешавад ва сарҳади майдони яхи обшуда аз рӯи ченакҳои геодезӣ муайян карда мешаванд.

 

Хулоса

Чунин суръати баланди қафонишинии забонаи пиряхи Рама ва ҷудошавии шохаи рости он – пиряхи Преображенскийро чунин фаҳмонидан мумкин, ки болои забонаи пиряхи Рама пурра бо морена (ҷинспораҳои кӯҳӣ) пўшида шуда, бо девораи чап боло то дара идома ёфтааст. Майдони морена 500 метр дарозї ва бараш то 80 – 140метр мерасад. Таъсири нурҳои рости радиатсионии офтоб ва ҳарорати баланд сангпораҳои дар болои моренабударо гарм намуда, раванди гармшавии сатҳи болоии пиряхро тезонидааст.

Қайд намудан ба маврид аст, ки пиряхҳо ҳам барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам барои кишварҳои поёноб аҳамияти махсуси стратегӣ дошта, бурдани корҳои тадқиқотӣ ва мушоҳидаҳо дар ин самт барои иҷроиши  “Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон  барои солҳои 2010-2030” аз манфиат холӣ нест. Вазифаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон  пеш аз ҳама ҳифз намудани табиати биҳиштосои Тоҷикистон ва мерос гузоштани он барои наслҳои оянда мебошад.

Расми 1. Пиряхи Рама

Новости