Хабари ба вуҷуд омадани сел дар ҷамоати Ёзғанди ноҳияи Сангвор

Хабари ба вуҷуд омадани сел дар ҷамоати Ёзғанди ноҳияи Сангвор

Дар таърихи 15 июли соли 2019 муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ Абдуалимов К,Қ ва сардори шӯъбаи обсанҷӣ Ҳомидов Воҳид ҳамроҳи мутахассисони ширкати Салини Имперҷило сафари хизматӣ ба ноҳияи Сангвор анҷом доданд. Мақсади сафари хизматӣ бо ҳамроҳи шарикони байналмиллалӣ таҳлил, омӯхтани равандҳои геофизикӣ, аз ҷумла боришоти шиддатнок дар назар дошта шуда буд. Бояд қайд намуд, ки рӯзи 14 июли соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришоти шиддатнок пешгӯӣ шуда буд. Худи ҳамин рӯз дар ҳудуди ҷамоати Ёзғанди ноҳияи Сангвор дар баландии 3000-3500 метр боришоти шиддатнок, ба монанди жола ва борон борида, дар натиҷа сел баландияш 10-15 метр, паҳноияш то 100 метр бо сангу гил омехта, аз баландии мазкур ба поён хамида, купруки шоҳроҳи Душанбе - Сангворро аз байн бурда, ба хоҷагии ҷамоати мазкур зарари молиявӣ расонд. Дар натиҷа сел дарёи оби Хингобро ба муддати 5-6 дақиқа банд намуда, кӯли сунъи ба вуҷуд оварда, дарозии кӯл 400 метр, паҳноияш 100 метр ва чуқурияш то 17 метрро ташкил дод. Сипас садди роҳи об кушода шуда, об ба маҷрои худ равон гардид. Мутахассисон аз наздик ба корҳои дар боло зикршуда шинос шуда, ба хулосае омаданд, ки дар оянда дар моҳҳои июл, август бо сабаби баланд шудани ҳарорати ҳаво дар аксарияти ноҳияҳои кӯҳӣ селҳои пиряхӣ мушоҳида карда шавад. Мутахассисон дар ҳавзаҳои ҷумҳурӣ чунин мавзеъҳоро омӯхта, ба аҳолӣ сари вақт аз сар задани офатҳои табии огоҳ намуданд.  

 

Новости