Идомаи корҳои ободонӣ ва маъракаи ниҳолшинонӣ

Тавре мушоҳида мегардад, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол - сарзамини аҷдодӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Солҳои охир бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон навъҳои гуногуну нодири дарахтони бисёрсолаи ороишию сояафкан ворид карда шуда, дар шоҳроҳҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва марказҳои фарҳангию фароғатии пойтахт шинонида мешаванд.

Дар ҳошияи табдирҳои ободониву бунёдкорӣ ҷиҳати ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти мамлакатамон-шаҳри Душанбе санаи 19 феврали соли ҷорӣ роҳбарият ва кормандони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳашари ниҳолшинонӣ, ки бо ташаббуси Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Б.А. ташкил карда шуда буд, иштирок намуданд. Дар ҳашари мазкур дар ҳудуди маҳаллаи Сари осиёи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ниҳолҳои ороишӣ ва сояафкан шинонида шуд.  

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ ҳамаи кормандон фаъолона иштирок намуда, тасмим гирифтанд, ки чунин маъракаҳои ободонию сарсабзгардониро дар оянда низ анҷом диҳанд.

Новости